Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IOM дар талоши ҷалби $ 7,9 миллиард барои кӯмак ба муҳоҷирон аст


Идораи муҳоҷирати СММ гуфт, ният дорад имсол барои барномаҳои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирону паноҳҷӯён дар саросари олам маблағеро дар ҳаҷми 7,9 миллиард доллар ҷамъоварӣ кунад.

Ин маблағҳо барои ҳимоят аз муҳоҷирон, коҳиши шумори афроди беҷошуда ва ҳам бештар кардани роҳҳои бо шеваи қонунӣ муҳоҷират кардани мардум сарф шаванд.

Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM), ки дар Женева қароргоҳ дорад, дар талоши аз ҳисоби сармоягузории ҳукуматҳо, ширкатҳои хусусӣ ва донорҳои инфиродӣ такмил кардани маблағҳои зарурӣ мебошад.

Омори ин созмон мегӯяд, то охири соли 2022 шумори паноҳҷӯён дар саросари олам 117 миллион нафар ташкил дод ва ин рақам 71 миллион нафари дар дохили кишвари худ беҷошударо ҳам дар назар мегирад.

XS
SM
MD
LG