Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи низомии Амрико дар Ироқ мушакборон шудааст


Пойгоҳи низомии Амрико дар Ироқ
Пойгоҳи низомии Амрико дар Ироқ

Рӯзи шанбе пойгоҳи низомии Амрикоро дар Айн-ал-Асади Ироқ мушакборон кардаанд.

Мақомоти амрикоӣ ва ироқӣ гуфтаанд, ки 15 мушак ба сӯи пойгоҳ партоб шудааст ва аксари онҳо ба ҳадаф норасида, нобуд карда шудаанд, вале дутои он дар дохили пойгоҳи низомӣ кафидааст.

Хабаргузории Рейтерз гуфтааст, ки дар ин ҳамла корманди хадамоти амниятии Ироқ сахт маҷрӯҳ шудааст ва чанд сарбози амрикоӣ ҷароҳати сабук бардоштаанд.

Низомиёни Амрико бар ин назаранд, ки ҳамларо аз дохили хоки Ироқ як гурӯҳи мусаллаҳи наздик ба Эрон анҷом додааст.

Масъулияти ин ҳамларо расман ҳеч гурӯҳе бар душ нагирифтааст.

Ин ҳамла пас аз он сурат гирифт, ки рӯзе пеш дар ҳамлае дар Димишқ, пойтахти Сурия, як мақоми низомии Эрон кушта шуд.

Ҳамла ба пойгоҳҳои низомии Амрико пас аз оғози ҷанги Исроил дар Ғазза афзоиш ёфтааст. Гурӯҳҳое, ки аз ҷониби Эрон дар минтақа пуштибонӣ мешаванд, эълон кардаанд, ки аз гурӯҳи ҲАМОС дар Ғазза ҳимоят мекунанд. ҲАМОС, ки дар Аврупо ва Амрико созмони террористӣ шинохта шудааст, рӯзи 7-уми октябр ба хоки Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушта, беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Исроил мегӯяд, ҲАМОС-ро нобуд мекунад ва гаравгонҳоро озод мекунад. Дар ҳамлаҳои низомиёни исроилӣ ба Ғазза беш аз 25 ҳазор нафар кушта шудааст, ки аксаран занону кӯдакон ҳастанд.

Гурӯҳҳои наздик ба Эрон аз он рӯз то кунун беш аз сад бор ба пойгоҳҳои ҳарбии Амрико дар минтақа бо мушак ва бесарнишинҳо ҳамла кардаанд, вале ин пойгоҳҳо зиёни ҷиддӣ надидаанд.

XS
SM
MD
LG