Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи тафтишот ба зидди Усмон Баротов парванда боз кард


Усмон Баротов
Усмон Баротов

Кумитаи тафтишотии Русия нисбат ба раиси ҷомеаи узбекон ("Ватандош") Усмон Баротов парванда боз кард.

Сабаби ифтитоҳи парванда навиштаҳои Баротов дар бораи гароншавии арзиши тухми мурғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ будааст.

Моҳи декабр Баротов дар шабакаҳои иҷтимоӣ расмеро бо навиштаи "Хурӯсҳоро аз ҷанг баргардонед!" нашр кард.

Блогерони рӯ ба Кремл ба ин навишта таваҷҷуҳ карда, ҷанҷолеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ андохтанд. Онҳо аз роҳбари Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин хостанд, ки Баротов ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад. Баъд аз он Баротов боздошт шуд.

Ба иттилои Кумита, Баротов гуё дар шабакаҳои иҷтимоӣ "навиштаи таҳқиромез"-еро нашр кардааст ва рӯзноманигорони низомии Русия аз Бастрикин хостаанд, ба он таваҷҷуҳ кунад.

Дертар муаллифи канали "Readovka" навишт, ки Баротов шаҳрванди Русия аст ва мардуми русро ба ҷои эҳтиром дар шабакаҳои иҷтимоӣ "таҳқир" мекунад.

XS
SM
MD
LG