Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Қазоқистон хост, содироти тухми мурғро бештар кунад  


Қазоқистон
Қазоқистон

Русия дар пасманзари камчин шудани тухми мурғ аз Қазоқистон дархост кардааст, ки ба ин кишвар тухми бештар фурӯшад.

Нархи тухми мурғ дар Русия дубора гарон шудааст. Содироти ин навъи маҳсулот аз Беларус ва Туркия монеи болоравии нархи он нашуд.

Мақомоти Қазоқистон сарфи назар аз он ки нархи тухм дар худи ин кишвар дар моҳи январи имсол дубора гарон шудааст, ба Русия посухи мусбат додаанд.

Дар хадамоти матбуотии ҳукумати Қазоқистон гуфтанд, ки омода ҳастанд, то маҳдудиятҳо дар тиҷорати дуҷониба, аз ҷумла маҳдудиятҳо дар содироти маҳсулоти чорводориро ба Русия бекор кунанд.

"Дар масъалаҳои амнияти ғизоӣ устуворӣ дар қабули қарорҳо зарур аст", - иқтибос овардаанд расонаҳо аз суханони муовини сарвазири Қазоқистон Серик Жумангарин.

Коршиносон мегӯянд, Қазоқистон ҳам наметавонад бозори Русияро бо тухм таъмин кунад. Зеро солона дар ин кишвар беш аз 5 миллион дона тухм истеҳсол мешавад ва онро худи қазоқистониҳо истеъмол мекунанд. Бо ин ҳол таъмини сокинони Русия бо тухми мурғ номумкин аст.

XS
SM
MD
LG