Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби озодии "сиёсиҳо" дар назди ВКХ Олмон


Рӯзи 16 январ дар шаҳри Берлини Олмон фаъолони қазоқистонӣ бо нишони ҳимоят аз роҳбари ҳизби сабтношудаи "Алға, Қазоқистон" ва дигар "зиндониёни сиёсӣ" гирдиҳамоӣ карданд.

Рассом Равшан Толганбоева ва ду фаъоли дигар бо шиори "Тоқаев, Маратро озод соз!" эътироз карданд.

"Озодӣ ба Марат Жиланбоев! Ин ифтихори миллии мост. Вай бояд озод бошад! Озодӣ ба ҳамаи зиндониёни сиёсии Қазоқистон!", - омадааст дар наворе, ки фаъолон ҳангоми гирдиҳамоӣ сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.

Гирдиҳамоии фаъолон назди вазорати корҳои хориҷии Олмон дар шаҳри Берлин сурат гирифт.

Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон моҳи ноябри соли 2023 фаъоли сиёсии он кишвар Марат Жиланбоевро 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вай борҳо талош кард, ки ҳизби "Алға, Қазоқистон!"-ро сабти ном кунад. Ӯро дар "маблағгузории фаъолияти тундгароёна" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG