Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафткашҳои норозии Жанаозен гуфтанд, ба Остона мераванд


Кормандони ширкати нафткаши "МунайСпецСнаб" панҷ рӯз мешавад, ки дар шаҳри Жанаозени вилояти Манғистауи Қазоқистон коршиканӣ мекунанд.

Онҳо 15 январ дар муроҷиатномаи навбатии видеоии худ гуфтанд, ки талабҳояшон то ҳол иҷро нашудааст.

Кормандони норозии ширкат мегӯянд, то иҷро шудани талабҳои худ эътирози осоиштаро идома медиҳанд. Эътирозгарон тасмим доранд, ки ба шаҳри Остона раванд.

Яке аз кормандони ширкат 15 январ ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, дар коршиканӣ беш аз 300 ҳамкори ӯ иштирок дорад.

Кормандони "МунайСпецСнаб" 11 январ баъди ҳал нашудани мушкилашон аз роҳи гуфтугӯ даст ба коршиканӣ заданд. Онҳо, аз ҷумла баланд бардоштани маош ва беҳтар кардани шароити кориро талаб доранд.

XS
SM
MD
LG