Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили фирории қирғиз пайдо ва бозпурсӣ шудааст


Вакили порлумони Қирғизистон Эмил Жамгирчиев 17 январ дар порлумон дар бораи парвандаи худ маълумот хоҳад дод.

Ӯ дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, дар порлумон шарҳ хоҳад дод, ки чаро аз маҳалли кораш фирор кард ва то замони бозпурсӣ шуданаш дар Кумитаи амнияти миллии он кишвар дар куҷо буд.

Вай дар мавриди номаи соҳибкори узбекистонӣ Салим Абдувалиев, маъруф ба "Салимбойбача" изҳори беиттилоӣ кард. "Ман танҳо ончиро медонам, ки дар ҷаласаи комиссияи махсус гуфта шудааст. Ин парванда як сол мешавад, ки тӯл мекашад. Ман номаро надидаам ва намедонам дар бораи чӣ аст", - афзуд ӯ.

Алишер Эрбаев, раиси комиссияи вакилони порлумони Қирғизистон, ки парвандаи Жамгирчиевро баррасӣ дорад, гуфт, ҳамкори онҳо моҳи декабри соли 2022 барои мулоқот ва ба даст овардани пуштибонии "Салимбойбача" пинҳонӣ ба шаҳри Тошканд рафтааст. Дар Узбекистон зидди ӯ бо гумони убури ғайриқонунии марз парванда боз кардаанд.

Додситонии кулли Қирғизистон низ бо айби ҳамсон алайҳи Эмил Жамгирчиев парванда боз кардааст. Кумисюни вакилони порлумони Қирғизистон иҷоза дод, ки Эмил Жамгирчиев ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Ҷаласаи комисия рӯзи 9-уми январ пушти дарҳои баста сурат гирифт. Пеш аз шуруъи ҷаласа Жамгирчиев гуфт, ки бо айбҳои нисбаташ эъломшуда розӣ нест ва онҳоро таъқиби сиёсӣ меҳисобад.

Баъди тасмими кумисюни вакилон, муфаттишони Додситонии кулли Қирғизистон талош кардаанд, ки даъватнома барои бозпурсиро ба Жамгирчиев супоранд. Вай вориди яке аз утоқҳо шуда, аз ошёнаи дувум ба ҳавлии порлумон ҷаҳида ва аз тафтишот фирор кард.

XS
SM
MD
LG