Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз оғози ҷанги Исроил ва "Ҳамос" дар Ғазза 100 рӯз гузашт


Маркази Ғазза
Маркази Ғазза

14-уми январи имсол ба оғози ҷанги Исроил ва гурӯҳи тундрави "Ҳамос"* дар Ғазза 100 рӯз пур шуд.

Як рӯз пеш Исроил ба бомбаборони минтақаи муҳосирашуда идома дод.

Ашраф ал-Қадара, сухангӯйи Вазорати тандурустии Ғазза, гуфт, 135 нафар кушта ва 312 нафар захмӣ шуданд.

Ба иттилои ӯ, аз оғози ҷанг дар Ғазза, аз 7-уми октябри соли 2023 то кунун, беш аз 23 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, ки аксари онҳо ғайринизомиён ҳастанд.

Манобеи мустақил ин рақамҳоро тасдиқ ё такзиб накардаанд.

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу бо таъкид бар он ки кишвараш ҷангро то нобудии “Ҳамос” идома хоҳад дод, гуфт, "ҳеч кас моро мутаваққиф нахоҳад кард".

Бисёре аз кишвару созмонҳо хоҳони оташбас ва қатъи даргирӣ дар Навори Ғазза ҳастанд.

Задухӯрд баъди он оғоз шуд, ки ҷангҷӯёни “Ҳамос” дар як ҳамлаи бесобиқа ба ҷануби Исроил тақрибан 1200 касро куштанд ва беш аз дусад нафарро гаравгон гирифтанд.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд

XS
SM
MD
LG