Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салом, хоҳар. "Шавҳар намегурезад, хонед" ВИДЕО


Марҷона Шерматова бо яке аз фарзандонаш.
Марҷона Шерматова бо яке аз фарзандонаш.

“Духтарро чиву хонданаш чӣ”, “Занонро бас бувад ин як ҳунар, ки шинанду зоянд шерони нар”. Аксаран онҳое, ки таҳсил кардану донишманд будани духтаронро зарур намедонанд, бо чунин иддаову шарҳи нодурусти ин мисраи Фирдавсӣ мехоҳанд, собит кунанд, ки назару мавқеашон дуруст аст.

Заноне, ки ҳоло дар зиндагӣ ҷабри чунин ақидаву хурофотро мекашанд, мегӯянд, ин иддао комилан хато аст.

Марҷона: “Ёдам ҳаст, ки дар синфи якум чанд рӯз рафтаму тамом. Нав ҳозир одамҳоро мебинам, мегуям, кошке мехондам.”

Мунира Иноятова: “Надонистан гуноҳ аст имрӯз. Чун агар намедонӣ ба фарзандат кӯмак карда наметавонӣ. Намедонӣ қонунро туро фиреб медиҳанд. Як одаме, ки гӯё ҳаёти худро гӯё, ки хат мезанад.

Шояд бовар кунед, шояд, не аммо ҳанӯз ҳам ҳастанд, занону духтароне, ки умуман хатту савод надоранд. Албатта теъдодашон зиёд нест, аммо шумораи духтароне, ки аз синфи 9 тарки таҳсил мекунанд, воқеан сабаби нигаронии мақомот ва созмонҳо дар Тоҷикистон шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам чанде пеш ҳамин мавзӯъро матраҳ кард ва аз мардум хост, монеи таҳсили духтарон нашаванд. Аз ин пеш Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид ва ё ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, гуфта буд, 32 дарсади духтарон баъди синфи 9 дигар хонданро идома намедиҳанд.

Барномаро инҷо бубинед:

Салом, хоҳар. "Шавҳар намегурезад, хонед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:21 0:00

Дар Тоҷикистон таҳсили ҳатмӣ аз синфи 1 то 9 аст. Баъди хатми синфи 9 наврас метавонанд таҳсилро дар омӯзишгоҳу коллеҷҳо идома дода, касбу шуғлеро аз худ кунад. Аммо дар асл баъди хатми синфи 9 дар бархе аз хонаводаҳо духтарон аз таҳсил маҳрум мешаванд.

Бино ба як таҳқиқ 86 дар сади писарон дар кишвар таҳсилро дар мактаби миёна то охир идома медиҳанд ва аз миёни духтарон танҳо 68 дарсад чунин имкониятро доранд. Сабабҳои аз таҳсил дур шудани духтарони наврасро ҷомеашиносон ба ақидаҳои нодуруст, хурофотӣ буданӣ баъзе аз хонаводаҳо, набуди шароит ё дурии роҳ то мактаб медонанд.

Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ин масъала содда нест ва бояд бо анҷоми як таҳқиқи фарогир дар шаҳру деҳоти кишвар сабабҳои аслӣ омӯхта шаванд. Вай аз чанд омиле ном бурд, ки монеи таҳсили духтарон дар деҳоти Тоҷикистон шудааст.

Мунира Иноятова: “Якум ин аз рӯйи анъанаҳои мо духтарон бештар ба корҳои хоҷагӣ ва хона машғул ҳастанд. Махсусан агар духтар, духтари калонӣ бошад дар хона вай вазифааш ин аст, ки додару хоҳарчаҳояшро нигоҳубин кунад. Оилаҳои мо шукри Худо кам нестанд. Дар оила,3,4,5,6 кӯдак ҳаст. Духтари калони ёрдачии аввалини модар мешавад. Алалхусус вақте мардон бисёр ба муҳоҷират мераванд барои пулкоркунӣ. Онҳо (занон духтарон) бояд аз пушти гову мол, мурғ нигоҳубин кунанд. Агар вай мактаб равад, вазифаи хонагӣ мекунад вақташ кам мешавад якбора.”

Албатта ҳастанд, намунаҳое, ки бо гузашти солҳо чунин занону духтарон тавонистаанд, бо идомаи таҳсил сарнавишташонро дигар кунанд. Бино ба омори расмӣ дар 5 соли ахир дар кишвар беш аз 2000 занону духтароне, ки мактаб нахонда буданд, дар мактабҳои шабона таҳсил карданд, то тавонанд зиндагии худро тағйир диҳанд. Аммо ин шумора зиёд нест. Онҳое, ки бе маълумот ва хатту савод мемонданд чӣ? Аз Мунира Иноятова пурсидем, ки бадтарин оқибати аз таҳсил дур мондани занон ба зиндагии ояндаи онҳо чӣ аст?

Мунира Иноятова: «Зан агар саводи баланд надошта бошад вай одами ҳақиқии имрӯза шуда наметавонад. Зан бо компютер кор накунад, телефон надошта бошад вай ба писараш кӯмак карда наметавонад. Надонистан гуноҳ аст имрӯз. Чун агар намедонӣ, ба фарзандат кӯмак карда наметавонӣ. Намедонӣ қонунро туро фиреб медиҳанд. Нотавонӣ. Як одаме, ки гӯё ҳаёти худро хат мезанад.»

Ҳар сол садҳо падару модар барои иҷро накардани масъулияти худ дар тарбияи фарзанд ҷарима мешаванд. Яке аз сабабҳои асосии ҷазо гирифтани волидон аз мактаб дур мондани фарзандон гуфта мешавад. Бо вуҷуди қабули қонун ва ҷазо додану ҷарима кардани волидон барои монеъ шудан ба таҳсили духтарон, ҳанӯз ин мушкил вуҷуд дорад. Чаро чунин аст?

Мунира Иноятова: «Фақат бо ҷазо додан масъала ҳал намешавад, алалхусус агар кор ба анъанаҳо таалуқ дошта бошад. Анаъанаҳо садсолаҳо пайдо мешавад, яку якбора онро ислоҳ карда намешавад. Ин як кори доимӣ аст. Барои ҳамин ниҳодҳое, ки бо ин кор машғуланд, пеш аз ҳама маориф бояд усули корашро дигар кунад. Медонед, ҷазодиҳии оилаҳо мумкин ягон натиҷа ҳам надиҳад. Чун одамон метавонанд, гӯянд, ки кори ту ба оилаи ман чӣ аст. Вале фаҳмондадиҳӣ, агар тавонем он доимӣ мемонад. Ман як оиларо медонам, ки дар он 5 духтар таваллуд шуд, падараш як духтарашро ба даст нагирифтааст, ки агар бача мешуд ман ӯро ба даст гирифта, тарбия мекардам, бо духтарҳо ман чӣ мекунам, модараш бинад гуфта.»

Мунира Иноятова пешниҳод дорад, ки барои ҳалли ин мушкил, соли таҳсили ҳатмӣ дар мактабҳои миёнаи кишвар бояд боло бурда шавад.

Мунира Иноятова: «Маълумоти ҳатмии 10 сола имрӯз даркор. Агар духтар 10 сол хонад, аллакай 17-ро пур мекунад, қариби 18 мешавад. Ба воя мерасад, аллакай масъулияти дигар дорад, донишу хоҳишаш дар ҳаёт дигар. Ду соле, ки илова мешавад бисёр чизҳоро ҳал мекунад.»

Таҳсил як ҳаққи бунёдӣ ва муҳими духтарон аст, ки ҳамоно зери по мешавад ва ба таъкиди ҷомеашиносон паёмад он на танҳо барои як хонавода, балки барои як ҷомеа метавонад хатарбор бошад. Адибаи Азиз, шоира: “Таҳсили духтарон нисбат ба писарон хеле муҳимтар аст. Агар дар хона як модари донишманду босавод, хонуме, ки таърихи миллати худро бидонад аз ҷуғрофиё бохабар аст ба фарзандон таълим диҳад. Чӣ таъсире хоҳад гузошт. Вақте зан донишманд аст, миллат рушд мекунад.”

Бинандаи азиз, хоҳарони гиромӣ Шумо дар ин бора чӣ назар доред? Зери ин барнома нависед, ё агар зарур медонед, ки кадом мавзуи дигаре дар ин барнома матраҳ шавад, беистиҳола пешниҳоди худро ба мо фиристед. Ҳатман ба назар хоҳем гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG