Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки ба таҳсили 12-сола гузарад" ВИДЕО


Артур ван Дизен моҳи сентябри имсол намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон шуд
Артур ван Дизен моҳи сентябри имсол намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон шуд

Мудири Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон гуфт, аз шаш кӯдаки тоҷик фақат як нафари онҳо тарбияи томактабӣ мегиранду бас.

Артур ван Дизен дар суҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ ҳамчунин аз он ибрози нигаронӣ кард, ки баъд аз поёни таҳсили асосӣ ё синфи нуҳум, 32 дарсади духтарон аз таҳсил дур мемонанд. Суҳбати мо бо роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон, 20-уми ноябр, сабт шуд. Дар аввал аз ӯ дар бораи як иқдоми созмони зери раҳбарияш пурсидем, ки ният дорад ба хонандагони панҷоҳ мактаб дар Тоҷикистон ҳуқуқи кӯдакро омӯзонад. Чӣ гуна?

Артур ван Дизен: "Мо Рӯзи ҷаҳонии кӯдаконро ҷашн гирифтем ва дар чаҳорчӯби ин маърака ният дорем, барои ба роҳ мондани модулҳои омӯзиш барои кӯдакон ба Вазорати маориф ва илм мадад расонем. Дар назар аст, модули таълимӣ ба тарзи онлайнӣ ва ҳам ба шакли ҳузурӣ роҳандозӣ шавад ва барои кӯдакону наврасони аз 10 то 18-сола пешбинӣ шудааст. Ба ин восита онҳо қобилиятҳои худро дар амал татбиқ хоҳанд кард. Пас аз хатми курс барои кӯдакон ва наврасон шаҳодатнома дода мешавад. Мо дар чаҳорчӯби фаъолияти худ дарк кардем, ки фаҳмиш ва дарки ҷомеа, махсусан худи кӯдакон дар бораи ҳуқуқи кӯдак маҳдуд ва ночиз аст. Аз ин рӯ, ҳадафи мо ин аст, ки дониш ва дарки кӯдаконро дар бораи ҳуқуқи худашон баланд бардорем. Ин модули омӯзишӣ барои 50 мактаб роҳандозӣ хоҳад шуд.”

“Бояд калонсолон ба ҳарфи кӯдакон гӯш диҳанд”

Радиои Озодӣ: Як иқдоми дигари ЮНИСЕФ ҷамъоварии пешниҳодҳои ҷомеа, аз ҷумла 50 ҷавон ва ба мақомдорони кишвар расонидани онҳо будааст. Ин гурӯҳ корро сар кард? Пешниҳодҳо аз чӣ иборат хоҳанд буд?

Артур ван Дизен: "ЮНИСЕФ 20-уми ноябр ҳамроҳи идора ва вазоратҳои дахлдор маъракаи калонеро ба муносибати рӯзи ҷаҳонии кӯдакон баргузор кард. Дар ин маросим Матлубахон Сатториён, раиси комиссияи ҳуқуқи кӯдак ва муовини сарвазири Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ширкат доштанд. Мо бо шарикони худ, ки дар масъалаи ҳуқуқи кӯдак кор мекунанд, масъалаҳои вобаста ба мавзуъро баррасӣ кардем. Кӯдакон дар ин чорабинӣ ба гуруҳҳо тақсим шуданд ва ба онҳо имкон дода шуд, ки фикр ва тавсияҳои худро баён кунанд ва онҳо фикру андешаҳои худро дар ин маросим баён карданд. Мо мехоҳем кӯдакон бе ягон тарс фикру андешаҳои худро рӯшан бигӯянд. Тарафи дигар, ки бояд назари онҳоро гӯш кунад, калонсолон ҳастанд. Ниёз аст, ки калонсолон ба гуфтаҳои кӯдакон гӯш диҳанд. Дар ин чорабинӣ ҳамроҳи шахсони масъул дар бораи уҳдадориҳо ва дар бораи онки чӣ корҳое бояд анҷом шавад, суҳбат кардем.”

Яке аз мактабҳо дар Тоҷикистон
Яке аз мактабҳо дар Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Вазъ ва огоҳи ҳуқуқии кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ аст?

Артур ван Дизен: "Дар ин масъала бояд мусбат нигоҳ кунем. Ҳукумати Тоҷикистон тақрибан 30 сол пеш ва дарҳол пас аз касби истиқлол, Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро тасвиб кард. Баъд аз қабули конвенсия кишвар аз пайи иҷрои уҳдадориҳояш шуд. Яке аз ин масъалаҳо таъсиси комиссияи ҳуқуқи кӯдак буд. Ин таъсис ёфт. Ҳамчунин Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ташкил шуд. Бояд гуфт, аз замони касби истиқлол ва аз замоне, ки конвенсия тасвиб шуд, бисёр корҳои хуб дар Тоҷикистон анҷом шуданд. Аз ҷумла фавти кӯдакон кам шуд ва таҳсили кӯдакон хубтар шуд. Дар ҷаҳон ҳеч кишваре нест, ки ҳамаи ҳуқуқи кӯдакон ҳифз шавад. Тоҷикистон ҳам дар ин масъала истисно нест. Дар инҷо ҳанӯз корҳои зиёде ҳаст, ки бояд анҷом шавад. Баъзе вақт ҳуқуқи ҳар як кӯдак ва баъзе вақт ҳуқуқи категорияи кӯдакон дар назар гирифта шавад. Мо ба ҳамин самт пешрафт хоҳем кард то дар оянда ҳуқуқи ҳар як кӯдак новобаста аз онки ба кадом гуруҳ тааллуқ дорад, риоят ва таъмин карда шавад.”

Чаро духтарон аз таҳсил дур мемонанд?

Радиои Озодӣ: Бештар кадом ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон поймол мешавад? Ё чӣ монеи рушду таълими кӯдакон аст?

Масъалаи дигар гузаштан аз марҳилаи ҳатмии таҳсил аз синфи 9 ба синфи 10 аст. Дар ҳаминҷо аст, ки аксаран духтарон аз мактаб берун мемонанд.

Артур ван Дизен: “Таҳсил чанд марҳиларо дар бар мегирад ва агар мо дар бораи таҳсили бармаҳали кӯдакон суҳбат кунем, дар Тоҷикистон кӯдакон дар 7-солагӣ вориди мактаб мешаванд. Ин яке таҳсилоти мактабӣ аст ва дигаре таҳсилоти томактабӣ. Аз шаш кӯдак дар Тоҷикистон танҳо як нафар имкон дорад ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шавад. Ин маънои онро дорад, ки кӯдакони зиёде аз таҳсилоти томактабӣ берун мондаанд ва дар ин замина корҳои зиёде бояд анҷом шавад. Дигар низоми таҳсилоти ҳатмӣ аст. Дар Тоҷикистон таҳсили ҳатмӣ аз синфи 1 то 9 аст. Баъди хатми синфи 9 таҳсил дигар ҳатмӣ нест. 86 дарсади писарон таҳсили ғайриҳатмиро идома медиҳанд. Аз миёни духтарон танҳо 68 дарсад чунин имкониятро доранд. Ин таносуб миёни писарон ва духтарон бисёр калон аст ва ниёз ба беҳбуд дорад. Вақте кӯдакон ба мактаб мераванд, онҳо дар онҷо чӣ меомӯзанд, муҳтавои омӯзиш дар мактаб хеле муҳим аст. Ва ин муҳтаво бояд бар тавоноӣ ва қобилияти хонандагон асос ёфта бошад.

Масъалаи дигар маҳоратҳои рақамии хонандагони мактаб аст. Агар касе осори Садридди Айнӣ, аз ҷумла «Мактаби куҳна»-ро хонда бошад, медонад, ки сад сол пеш гузариши куллӣ аз мактаби куҳна ба мактаби нав сурат гирифт. Дар айни ҳол Созмони Милал як нишасти дигаргунсозии низоми таҳсилро баргузор кард ва баъд аз ин тасмим Тоҷикистон уҳдадор шуд, ки таҳсилот то синфи 12 боло бурда шавад. Масъалаи дигаре, ки ки бисёр муҳим аст, таҳсилот бояд бар асоси қобилиятҳои хонандагон сурат бигирад. Маҳоратҳои рақамисозӣ дар назар гирифта шаванд. Чун агар кӯдакон дар Тоҷикистон бо маҳорати рақамисозӣ фаро гирифта нашаванд, дар бозори ҷаҳонӣ наметавонанд кор пайдо кунанд. Аз ин рӯ мо дар марҳилаи дувуми гузариш қарор дорем ва дар ин замина мехоҳем бо Вазорати маориф ва илм ҳамкориҳоро тақвият диҳем ва барои пешбурди ин масъалаҳо кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳем.”

Ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?

Радиои Озодӣ: Дар масъалаи таҳсили 12 сола. Мақомоти Тоҷикистон чанд бор аст гузариш ба ин низоми таҳсилро ба таъхир мегузоранд. ЮНИСЕФ дар ин бора чӣ маълумот дорад? Тоҷикистон кай ба ин низоми таҳсил мегузарад ва агар он ҷорӣ шавад барои кишвар чӣ медиҳад?

Артур ван Дизен: “Бояд ба гузаштаи ин масъала таваҷҷуҳ кунем. Агар як сол ба низоми таҳсилот дар мактаб илова шавад, ин ба маънои он аст, ки ҳам барномаҳои таълимӣ ва ҳам инфрасохторе, ки вуҷуд дорад, бояд бозсозӣ ва мутобиқ гардонда шавад. Ба ҳар ҳол, Тоҷикистон ин уҳдадориро гирифтааст ва ЮНИСЕФ ҳам ваъда додааст, ки дар ин замина агар коре пеш ояд, тамоми кӯшишҳои лозимро хоҳад кард. Дар масъалаи он ки ба Тоҷикистон чӣ медиҳад. Агар низоми таҳсилот 12 сола шавад, ин ба он маъност, ки таҳсилот на аз синни 7, балки каме барвақтар шуруъ шавад, то ин ки кӯдак барои хондан ва навиштан омода шавад.”

“Фақат сохтани роҳрав барои маъюбон кофӣ нест”

Радиои Озодӣ: ЮНИСЕФ дар бораи дастрасии кӯдакон ба таълим оморе дорад? Чанд дар сади кӯдакони тоҷик аз таҳсил дуранд? Солҳои пеш созмон дар ин маврид пурсишу таҳқиқот мегузаронд...

Артур ван Дизен: “Яке аз масъалаҳои муҳим фарогирии кӯдакони маъюб ба таҳсил дар мактабҳо аст. Ин гурӯҳи кӯдакон бояд дар мактабҳои маъмулӣ ба таълим фаро гирифта шаванд. Ин танҳо сохтани остонаҳои ҳамвор барои ҳаракати кӯдакони маъюб нест. Яъне танҳо сохтани инфарсохтор ё танҳо дастрасии ҷисмонӣ нест. Вақте кӯдакони маъюб ба мактабҳои одӣ мераванд, бояд тамоми низоми таҳсилот барояшон мутобиқ карда шавад. Бисёр кӯдакони маъюбе ҳастанд, ки дар хона ё дар мактабҳои махсус ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Барои онки тамоми кӯдакони маъюб ба таҳсил фаро гирифта шаванд, роҳи дарозе дар пеш аст. Масъалаи дигар гузаштан аз марҳилаи ҳатмии таҳсилот аз синфи 9 ба синфи 10 аст. Дар ҳаминҷо аст, ки аксаран духтарон аз мактаб берун мемонанд. Вақте инҳо аз мактаб берун мемонанд ин ба ҷомеа ва иқтисоди кишвар таъсири бисёр амиқе хоҳад дошт. Чунки шумораи зиёди ҷавонон ва наврасоне, ки бояд нерӯи кори пурмаҳсул бошанд аз таҳсил берун мемонанд.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Роҳбари ЮНИСЕФ: 32 дарсади духтарони Тоҷикистон аз таҳсил дур мемонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:17 0:00

Радиои Озодӣ: Дар суҳбат чанд дафъа ба дур мондани духтарон аз таҳсил баъди синфи 9 ишора кардед. ЮНИСЕФ дар ин замина чӣ пешниҳод дорад?

Артур ван Дизен: “Албатта, ин вобаста аст ба Вазорати маорифи Тоҷикистон. Вақте барномаи низоми таҳсилот то синфи 12 боло бурда шавад, мутобиқан синфи ҳатмии омӯзиш шояд як соли дигар изофа мешавад. Ин хуб аст. Масъала ин аст, ки ин ҷавонон потенсиали хубе доранд ва мо бояд роҳеро фикр кунем, ки ҷавононе, ки аз таҳсил берун мешаванд, ҳамчун узви пурмаҳсул вориди ҷомеа шаванд. Ин чиз ба ҷомеа ва иқтисод таъсир дорад. Ҳамаи наврасоне, ки аз низоми таҳсилот хориҷ мешаванд, набояд дар хона биншинанд ва бекор бошанд. Қонун бояд дар ин замина иҷозат диҳад, ки онҳое ки аз низоми таҳсилот хориҷ мешаванд, роҳҳое барои онҳо фароҳам шавад, ки онҳо нерӯи пуртавони ҷомеа бошанд.”

Радиои Озодӣ: Ҳукумати Тоҷикистон дар ду навбат даҳҳо кӯдакро аз минтақаҳои ҷангзанадаи Сурия ва Ироқ баргардонд. ЮНИСЕФ дар бораи сарнавишти ин гуруҳ чӣ иттилоъ дорад? Бо онҳо кор мебаред? Оё онҳоро ба оилаҳояшон баргардонданд?

Артур ван Дизен: “То ҷое, ки хабар дорем, садҳо кӯдак аз минтақаҳои ҷангзадае, ки шумо зикр кардед, баргардонда шуданд. Воқеан ин як кори ҷасурона ва далерона аст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои шаҳрвандонаш анҷом дод. Натанҳо Тоҷикистон, балки Қазоқистон ҳам ин корро анҷом додааст. Кишварҳое дар Аврупо ҳастанд, ки барои баргардондани шаҳрвандони худ ҳеч иқдомеро анҷом надодаанд. Ман чанд сол дар Ховари Миёна дар Урдун будам ва бо вазъияти онҷо ба хубӣ ошно ҳастам. Ҳеч кӯдаке набояд дар чунин вазъият ва шароити душвор қарор бигирад. Ин интихоби кӯдакон нест, кӯдакон ин вазъиятро қабул накардаанд ва онҳо гунаҳкор нестанд, ки дар чунин шароит қарор гирифтанд. Барои ҳамин мо тамоми кумакҳои мустақимро ба ин кӯдакон ироа мекунем, то инки онҳо ба шакли дуруст ва муносиб ба ҷомеа баргардонда шаванд. Албатта, ин кори осон нест ва мушкилотеро дар минтақаҳои ҷангзада дидаанд. Ин чиз ба зиндагӣ ва пешрафти онҳо набояд монеа шавад. Барои ҳамин, ба онҳо кормандони иҷтимоӣ ва ҳам кумакҳои равонӣ лозим аст. Бояд тамоми хадамоти лозим барои инҳо ироа шавад, то онҳо ба шакли дуруст вориди ҷомеа шаванд.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG