Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафи довталабон кам шудааст. Донишгоҳ дигар паноҳгоҳ нест? ВИДЕО


Довталабони таҳсил дар донишгоҳҳо
Довталабони таҳсил дар донишгоҳҳо

Маркази миллии тестӣ ба хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳо, бори сеюм имкон дод, ки бахти худро санҷанд. Ҳамакнун онҳое, ки дар ду даври қаблӣ ноком шуданд, ин бор имкон доранд, як маротибаи дигар барои донишҷӯ шудан талош кунанд. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки макотиби олии Тоҷикистон имсол ба камбуди ҷиддии донишҷӯён рубарӯ шудаанд ва қариб нисфи курсиҳои донишгоҳҳо имсол холӣ мондааст.

Омина Тиллоева, сокини шаҳри Ваҳдат дар қатори садҳо довталаби дигар, барои ширкат дар даври сеюми имтиҳонҳо худро номнавис ва касбашро интихоб кардааст. Ӯ мехоҳад бонкдор шавад. "Дар аввал хонавода розӣ набуданд ман донишҷӯ шавам. Баъдан вақте даври сеюм эълон шуд, розӣ шуданд ва омада худро ба қайд гирифтам. Аммо дар даври сеюми бақайдгирӣ тамоми ихтисосҳо пулакӣ ҳастанд. Ҷойҳо барои таҳсили ройгон тамом шудааст,"-гуфт ин довталаб.

Хирмангул Паҳлавонова, сокини шаҳри Душанбе ҳам набераашро барои сабтином дар даври сеюм овардааст. Набераи ин зан, дар ду даври аввал натавонист донишҷӯ шавад. "Дар даври қаблӣ як хол нарасид, нагузашт. Ҳозир омадем, ихтисосро аз нав интихоб кардем."

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар рӯзҳои аввали сабтиноми довталабон дар даври сеюм, хоҳишмандон зиёданд. Маркази миллии тестӣ хабар дод, ки бақайдгирии довталабон то 17 -уми сентябр идома мекунад.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Дар Тоҷикистон даври иловагии қабул ба донишгоҳҳо оғоз ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:05 0:00

Соли равон нақшаи қабули довталабон ба макотиби олӣ 110 ҳазор пешбинӣ шуда буд, ки ба иттилои Маркази тестӣ, дар ду даври аввал ҳудуди 53 дарсад иҷро шуд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам 1-уми сентябр гуфт, имсол аз 106 ҳазор хатмкунанда ҳамагӣ 35 ҳазори онҳо ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд. Оқои Раҳмон инро "як масъалаи нигаронкунанда" хонд, аммо сабабашро нагуфт.

Коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои аслии иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён, Қонуни нави даъват ба артиш мебошад. Бар асоси ин қонун, хамткунандаҳои кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо дигар аз хизмат дар артиш озод нестанд. То қабули ин қонун, донишҷӯёни шаш донишгоҳу донишкадаи кишвар дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил карда, баробари хатм соҳиби билети ҳарбӣ мешуданд. Аммо қонуни нави даъват ин имтиёзро бекор кард ва акнун донишҷӯён муваззафанд баъди хатми таҳсил як сол дар артиш хидмат кунанд. Қонуни нав ҳамчунин магистрантҳо ва докторантҳоро аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбӣ маҳрум намуд.

Абдураҳмон Қурбонов, як масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент дар як нишаст аз он интиқод кард, ки донишҷӯён бо ҳар баҳона аз донишгоҳ ихроҷ ва ба артиш бурда мешаванд. Аммо масъулини Маркази миллии тестӣ бовар доранд, ки кам шудани хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳ натиҷаи қонуни даъват ба артиш нест.

Абдувосит Шодиниё
Абдувосит Шодиниё

Абдувосит Шодиниё, муовини раҳбари Маркази миллии тестӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, миёни беш аз 10 ҳазор нафар пурсиш гузаронданд ва як суол ҳам ин буд, ки хидмати низомӣ баъди таҳсили донишгоҳ, то куҷо довталабонро аз дохил шудан ба макотиби олӣ бозмедорад. Теъдоди довталабоне ки сабаби аз сабтином накардани ҳамсинфони худро дар ММТ ба хидмати ҳарбӣ баъд аз хатми донишгоҳ номбар карданд, ҳамагӣ 52 нафар ё 0,5 дарсадро ташкил доданд, хеле кам аст”.

Ба гуфтаи Шодиниё сабабҳои аслии кам шудани довталабон ин таҳсил дар хориҷа ва муҳоҷирати меҳнатӣ будааст.

Таҳлилгарон мегуянд коҳиши бесобиқаи довталабони таҳсил дар мактабҳои олӣ эҳтимол метавонад то ҷое паёмадҳои манфӣ ба дунбол дошта бошад.

Мунира Иноятова
Мунира Иноятова

Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, шояд дар бахши иқтисод дар оянда камбудӣ мутахассис мушоҳида шавад, вале “қисми асосии тамомкунандаҳо ба донишгоҳи олӣ дохил мешаванд, зеро мехоҳанд касб дошта бошанд. Ҳама медонад, ки касб надошта бошад ҷои кор ёфтан душвор аст. Лекин аз тарафи дигар, бачаҳое ки танҳо ба хотири он ки дар артиши миллӣ хидмат накунанд, шомили донишгоҳ мешуданд аз онҳо мутахассиси дуруст ҳам намебарояд”.

Бо он ки ҳар сол даҳҳо ҳазор нафар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистонро хатм мекунанд ва садҳо тани дигар дар хориҷа соҳиби диплом мешаванд, кишвар ҳанӯз ҳам дар риштаҳои муҳим мутахассис надорад. Танҳо бахши маориф ва тандурустии кишвар ба ҳазорҳо мутахассис ниёз дорад. Аз сӯи дигар шумори зиёде аз хатмкунандагони донишгоҳҳо дар дохили кишвар ҷойи кори муносиб намеёбанд ва маҷбур мешаванд, ба гуфтаи худашон “дипломро дар сандуқ монда,” равонаи Русия шаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG