Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Паноҳгоҳ"-е, ки холӣ мешавад. Талош барои довталабон дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Дар Маркази миллии тестӣ тарҳе омода кардаанд, ки баҳси пинҳони ин муассисаро бо донишгоҳҳои Тоҷикистон бозгӯ мекунад.

Мақомот чанд сол пеш Маркази миллии тестиро ташкил карданд, ки довталабон танҳо тавассути он имтиҳон бисупоранду донишҷӯ бишаванд. Ҳадафаш пешгирӣ аз ришваситонӣ гуфта шуд. Ҳоло, бо вуҷуди будани Маркази тестӣ, баъзе аз довталабон дар донишгоҳҳо имтиҳон месупоранд. Чаро?

Чор давраи қабул

Тарҳе, ки Маркази миллии тестӣ таҳия кардааст, зиёд намудани давраҳои қабули ҳуҷҷат ва имтиҳонро барои дохилшавии довталабон пешбинӣ мекунад. Абдулвосит Шодиниё, муовини аввали мудири Маркази миллии тестӣ, дар нишасти хабарии моҳи феврал гуфт, агар тарҳ қабул шавад, дар назар аст, чаҳор бор сабтиному имтиҳонсупориро анҷом диҳанд.

"Ду марҳилаи сабтином чун солҳои пеш мемонад. Моҳҳои март-апрел ва моҳи июн. Дар моҳи сентябр аз ҳисоби шахсоне, ки аз муҳоҷират омадаанд ё хоҳишмандон пайдо шудаанд, марҳилаи сеюми бақайдгирӣ ва имтиҳонҳоро ба роҳ мемонем," – афзуд ӯ.

Тибқи ин тарҳ, даври чаҳоруми сабтином ва имтиҳонҳо барои гурӯҳҳои ғоибона ва фосилавӣ аст, ки пас аз моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд.

Ҳоло танҳо ду давраи сабтиноми ҳуҷҷатҳо ва баргузории имтиҳонҳо аст. Пас аз он мактабҳои олӣ бо дарёфти иҷозаи Вазорати маориф мустақилона аз довталабон имтиҳон мегиранд. Масъулони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳозир нашуданд, мавзуъро шарҳ диҳанд.

Чаро тариқи донишгоҳҳо дохил мешаванд?

Рӯзи якуми март дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфтанд, "раҳбарияти донишоҳ дар чорабиние ширкат дорад, бино бар ин, бояд мунтазир монед".

Кӯшиши мо барои суҳбат бо Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, бенатиҷа монд. Рӯзи сеюми март дар донишгоҳ гуфтанд, барои шарҳи мавзуъ бояд ректор иҷоза диҳад, ки "феълан дар донишгоҳ нест". Дар саҳни ҳавлии донишгоҳ бо Аҳлиддин Ибодуллозода рӯ ба рӯ шудем, вале ӯ суҳбат накард.

Видеоро дар инҷо бинед:

Имтиҳони қабул ба воситаи Маркази тестӣ ё донишгоҳҳо?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Донишҷӯён дар бораи имтиҳонсупорӣ дар донишгоҳҳо ва Маркази миллии тестӣ назари гуногун доранд. Яке аз ҳамсуҳбатони мо бе зикри номаш гуфт, "супурдани имтиҳон дар донишгоҳҳо осон аст, агар пул ё пуштибоне дошта бошед".

"Бачаҳое, ки босавод ҳастанд, дар мактаб нағз хондаанд, метавонанд, аз тариқи Маркази тестӣ ба донишгоҳ дохил шаванд. Аз тариқи донишгоҳ масалан довталаб худаш рафта, бо муаллим гап мезанад. Бесавод ҳам бошад, метавонад, дохил шавад," – иддао кард яке аз донишҷӯён. Ҳамсуҳбати мо нахост, номашро зикр кунем. Масъулони донишгоҳҳо суҳбат накарданд, то мавқеашон ба ин масъала рӯшан шавад.

Донишҷӯйи дигар таъкид намуд, ки беҳтар аст пас аз анҷоми марҳилаи имтиҳонсупории Маркази тестӣ дар донишгоҳҳо низ чунин амал сурат гирад: "Барои онҳое, ки аз имтиҳонҳои Маркази тестӣ намегузаранд ё дер мекунанд, як имконият аст."

Ҳадаф дигар, амал дигар?

Мақомот борҳо гуфтаанд, ки ҳадафи таъсиси Маркази тестӣ кам кардани омилҳои инсонӣ ва аз байн бурдани фасод ё ришвситонӣ ҳангоми имтиҳонсупории довталабон аст. Рӯзноманигор Азизи Нақибзод мегӯяд, имтиҳонсупории довталабон аз тариқи донишгоҳҳо иддаои ҷилавгирӣ аз фасод ва таъсири омилҳои инсониро зери суол мебарад.

Ӯ рӯзи 2-юми март гуфт, "раҳбарони донишгоҳҳо амалашонро ин гуна шарҳ медиҳанд, ки нақшаро буд накардаанд. Як камбудии мо ҳамин аст, ки ҳамеша ба миқдор таваҷҷуҳ мекунем, на ба сифат. Махсус дар соҳаи маориф мо бояд ба сифат таваҷҷӯҳи бештар кунем, нисбат ба миқдор."

Феълан маълум нест, ки тарҳи Маркази милли тестӣ, ки дар назар дорад, баргузории ҳар гуна имтиҳонҳои дохилшавиро дар донишгоҳҳо боздорад, аз сӯи ҳукумат пазируфта мешавад ё не. Вале коршиносон бар он ишора мекунанд, ки ба қабули чунин тарҳ раҳбарони донишгоҳҳо чандон ҳавасманд нестанд.

Дар умум дар се соли охир нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии Тоҷикистон иҷро намешавад. Таваҷҷуҳ ба маконҳои як замон "серхаридор" кам шудааст. Намояндагони баъзе аз созмонҳои иҷтимоӣ ин равандро ба қабул ва иҷрои қонуни нав дар бораи хидмат дар артиш рабт медиҳанд. Донишгоҳҳо дар “паногоҳ”-и ҷавонон барои гурез аз хидмати ҳарбӣ номбар мешуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG