Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳақталошӣ. Чӣ гуна падар ба духтараш сабақи истодагарӣ ва мубориза дод


Уктамҷон Турсунов, падари Парвина Турсунова
Уктамҷон Турсунов, падари Парвина Турсунова

Уктамҷон Турсунов, падари Парвина Турсунова, як духтаре, ки 13 сол пеш дар нимсолаи дуюми соли таҳсил донишҷӯ шуд, мегӯяд, инсонҳо барои ҳаққи худ бояд талош кунанд ва набояд ба беадолатӣ тан диҳанд.

Ӯ барои донишҷӯ шудани духтараш то охир талош кард ва ба ҳадафе расид, ки он замон дар Тоҷикистон номумкин медонистанд. Ин буд, ки фарзанди Уктамҷон Турсунов - Парвина Турсунова, зодаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон тавонист, дар нимаи дуюми соли таҳсил ба курсии донишҷӯӣ нишинад. Ба осонӣ не, албатта. Дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳ ба ӯ баҳои “ғайриқаноатбахш” доданд. Ӯ ба ин баҳо розӣ нашуд. Бо навиштани аризаву шикоятҳо, бурдани даъво ба “болову пойин” ва супоридани имтиҳони такрорӣ дар ҳузури комисияи босалоҳияти Вазорати маориф исбот кард, ки лаёқат ва дониши донишҷӯ шуданро дорад.

Дар мактаб баҳои “аъло”, дар имтиҳони донишгоҳ “ғайриқаноатбахш”

Парвина Турсунова ҳоло 31-сола ва соҳибкор аст. Ӯ дар соли 2008 мактаби миёнаро хатм ва ҳамон сол барои дохил шудан ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар бахши буҷавӣ, ҳуҷҷат супорид. Ҳам дар солҳои охири таҳсил дар мактаби миёна ва ҳам дар остонаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳ ҷиддан омодагӣ дида буд.

“Ба фанни ҳуқуқ ҳавас дошт, хоҳиши мутахассис шуданро дошт. Шӯъбаи ҳуқуқи байналхалқиро интихоб карда буд. Аммо баъди супоридани имтиҳон аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар донишгоҳ гуфтанд, ки барои қабул шудан ба факулта хол ё “балаш” нарасид”, - нақл мекунад Уктамҷон Турсунов, ки он замон по ба пойи духтараш мегашт ва ӯро ҳавасманду дастгирӣ мекард.

Уктамҷон Турсунов ҳозир шуд, ҳодисаеро, ки ҳудуди 13 сол пеш аз сари ӯву духтараш гузашта буд, нақл кунад. “Ҳадаф аз бозгӯ ва руҷуъ кардан ба рӯйдоди, ба қавле, “куҳна” - ба хотири он аст, ки набояд ба беадолатӣ ва қонуншиканӣ тан дод,”--гуфт Турсунов.

“Дар соли 2008 ҳанӯз низоми “Маркази миллии тестӣ” ҷорӣ нашуда буд ва имтиҳонҳо ба тарзи классикӣ мегузаштанд. Он замон Шӯъбаи ҳуқуқи байналхалқии факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ ба бахши буҷавӣ ҳамагӣ 20 донишҷӯ қабул мекард. Дар он сол 54 кас бо ин ихтисос ҳуҷҷат супорида буд, яъне хоҳишмандони шомил шудан зиёд буданд. Духтарам ба худу донишаш бовар дошт ва маҳз ҳамин факултаву ихтисосро интихоб кард”, -- нақл кард Турсунов.

Рӯзи 6-уми августи соли 2008 - ду рӯз баъд аз имтиҳони асосҳои давлат ва ҳуқуқ - натиҷа эълом шуд ва Парвина Турсунова миёни касоне набуд, ки аз имтиҳон гузаштаанд Баъди шунидани натиҷаҳо аввалин коре, ки падару духтар карданд - ба комисияи қабули ДМТ шикоят бурданд.

“Бо навиштани шикоят ё аппелиатсия ба имтиҳони дуюм роҳхат гирифтем. Имтиҳони дуюм, ки иншо буд, супорида шуд. Аммо кори комисияи аппелиатсионӣ кашол ёфт”, -- ба ёд меорад он рӯзҳоро Уктамҷон Турсунов.​

"Трагикомедия дар ДДМТ”

Парвина ҳамроҳи падараш дар даврае, ки шикояти онҳо баррасӣ мешуд, дари расонаҳоро куфтанд. Рӯзи 25-уми сентябри соли 2008 дар нашрияи “Фараж” бо номи “Трагикомедия дар ДДМТ” мақолае нашр ва тамоми ҷузъиёти имтиҳонҳои дохилшавиро нақл карданд. (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон он замон Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ном дошт).

Мақола дар бораи Уктамҷон Турсунов
Мақола дар бораи Уктамҷон Турсунов

Дар мақола навишта шудааст, дар имтиҳони дохилшавӣ аз довталаб суолҳое пурсида шуд, ки қариб нисфи онҳо дар барномаи таълимии мактаби миёна набуданд. Илова ба ин, Парвина дар он мақола навиштааст, ки 4 посухи дурусти ӯро нодуруст баҳо додаанд.

“Ҳамаи ин боис шуд, ки мо даъво кунем. Аз донишгоҳ ба вазорат, аз вазорат ба донишгоҳ ва ҳатто навиштани мақола дар нашрияҳо. Мулоқоту дидор бо сарони комисияи қабул, кормандони Вазорати маориф, масъулони Донишгоҳи миллӣ - ҳамаи ин барои соҳиб шудан ба ҳаққи худ ва барқарории адолат буд”, -- нақл кард Уктамҷон Турсунов.

Дар ниҳоят дар нимаҳои моҳи ноябри он сол Донишгоҳи миллӣ бо дастури Вазорати маориф комисия ташкил ва Парвина Турсуноваро дубора имтиҳон гирифт. Имтиҳон аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ буд. Дар ҳайати комисия чанд декани факултаҳои ҳуқуқи донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва чанд тани дигар аз масъулони соҳаи маориф ширкат доштанд. Парвина Турсунова дар ҳузури ҳамаи онҳо имтиҳон супорид ва комисия тасдиқ кард, ки посухҳояш дурустанд. Комисия ҳамчунин эътироф кард, ки теъдоде аз суолҳои имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳ дар китобҳои дарсии мактаби миёна мавҷуд набуданд.

“Аз рӯи хол аз ҷои 26 ба 5 расид. Яъне, аз 54 касе, ки ба ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ ҳуҷҷат супорида буданд, духтари ман дар мақоми 5 қарор гирифт ва бояд бе чуну чаро донишҷӯ мешуд”, --мегӯяд Уктамҷон Турсунов.

Бо ин вуҷуд, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон танҳо иҷозат дод, ки Парвина ҳамчун номзад ба мақоми донишҷӯӣ дар дарсҳои донишгоҳ ширкат варзад.

“Ба мо гуфтанд, ки ба ҳамин шарт розӣ шавем. Дар Донишгоҳи миллӣ гуфтанд, дигар илоҷ надоранд. Зеро 20 донишҷӯ ба ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ қабул шудааст ва дар сурати қабули Парвина ҳамчун донишҷӯ, яке аз онҳо бояд ихтисор шавад. Дар Вазорати маориф ҳам гуфтанд, ки ба ҳамин шарт розӣ шавем. Мо ноилоҷ розӣ шудем”, - ба ёд меорад рӯзҳои охири талошҳояшонро Уктамҷон Турсунов.

Парвина донишҷӯ шуд, вале донишгоҳ роҳхати ҷойи кор надод

Ниҳоят, дар аввали моҳи декабри соли 2008 Парвина ҳамчун донишҷӯ пешбарӣ карда шуд ва ҳамагӣ чанд рӯз бо дигар донишҷӯён дарс хонд. Шарти донишҷӯи комилҳуқуқ шудан ин буд, ки Парвина бояд санҷишу имтиҳонҳои нимсоларо супорад. Парвина Турсунова ҳамаи санҷишҳо ва чаҳор имтиҳонро бо баҳои аъло супорид ва дар нимаи дуюми соли таҳсил донишҷӯи комилҳуқуқ шуд. Ӯ соли 2013 факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ-ро хатм кард. Ҳарчанд дар бахши буҷавӣ таҳсил карда буд, барояш роҳхат надоданд, ки ба ниҳоде ба кор равад. Уктамҷон Турсунов мегӯяд, дар донишгоҳ ба духтараш гуфтаанд, “ҷойи корашро пайдо кунад ва баъдан барояш роҳхат медиҳанд”.

Турсунов гуфт, агар аз як сӯ ангезаи ҳимоят аз ҳуқуқҳои духтараш онҳоро водор кард, ки ҳамаи талошашонро барои донишҷӯ шудани ӯ кунанд - аз сӯи дигар ҳисси адолатпарварӣ намегузошт, ки ором нишинанд.

Уктамҷом Турсунов илова кард, агарчӣ соҳиб шудан ба ҳаққу ҳуқуқи худ ва адолатхоҳӣ гоҳо сахт аст, вале набояд аз талош кардан ноумед шуд.

“Бисёре аз бачаҳое, ки лаёқату савод доранд, аммо ба маҳзи дучор шудан бо монеаҳову мишкилиҳо ноумед мешаванд ва даст аз талош мебардоранд. Аз ҳамин ҷиҳат мо бисёре аз кадрҳои босаводу ояндадорро аз даст медиҳем. Хуб шуд, ки Маркази миллии тестӣ ташкил шуд ва дар алоҳидагӣ аз донишгоҳҳо фаъолият мекунад. Аммо саволҳои имтиҳонӣ бояд дар доираи барномаи мактаби миёна тартиб дода шаванд. Ҳамчунин бояд талош кард, ки то замони имтиҳонҳои қабул касе ба ҷавоби дурусти суолҳо дастрасӣ надошта бошанд.”- - пешниҳод дорад Уктамҷон Турсунов.

“Хонандагоне, ки мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм кардаанд (натанҳо ғолибони олимпиадаҳо) - бояд бе имтиҳон ба мактабҳои олӣ қабул карда шаванд. Омӯзгорони мактабҳои миёна хубтар медонанд, ки дар давоми 11 сол кадоме аз хонандагон донишу хоҳиши идомаи таҳсилро доранд. Камбудиҳо дар ҳамаи замонаҳо буданд ва боқӣ мемонанд. Магар ташкил кардани имтиҳонҳои пур аз тақаллубу сохтакорӣ аз рӯи одобу дурандешист?! Мо бояд ҳаракат кунем, ки дар бораи камбудиҳо ошкоро ҳарф занем ва онҳоро ислоҳ кунем, то ин ки ҷамъият ислоҳ шавад. Ҷамъияте, ки аз ҳаққи худ ҳимоят намекунад, дар ҷустуҷӯи ҳақиқату адолат нест, ба дунболи тақаллубу сохтакориҳо аст - оё мо ба чунин ҷамъияте ниёз дорем?”, - афзуд Уктамҷон Турсунов.

XS
SM
MD
LG