Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари ректори Донишгоҳи славянӣ дар садамаи маргбори овозхон ширкат доштааст. ВИДЕО 


Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ ва писараш Комёб Файзулло
Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ ва писараш Комёб Файзулло

Ҷавоне, ки номаш дар робита ба марги фоҷиавии овозхон Некрӯз Ниёзов расонаӣ шуд, писари ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон будааст. Бино бар хабари расмӣ, Комёб Файзулло шаби 21-уми сентябр дар наздикии тарабхонаи "Боми Ҷаҳон" тасодуф карда, овозхон Некрӯз Ниёзовро, ки дар канори роҳ меистод, пахш кард. Овозхони 28-сола чанд соат баъд дар бемористон даргузашт.

Чанд манбаъи огоҳи Радиои Озодӣ гуфтанд, Комёб Файзулло писари Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи славянӣ аст. Яке аз омӯзгорони ин муассиса гуфт, рӯзи 22-юми сентябр кормандони додситониро дар қабулгоҳи ректор дидааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Писари ректори Донишгоҳи славянӣ дар садамаи маргбори овозхон ширкат доштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Ду манбаи аз ҳам ҷудои Радиои Озодӣ дар донишгоҳ гуфтанд, Комёб Файзулло дар факултаи иқтисод, молия ва қарзи Донишгоҳи славянӣ таҳсил мекард. "Ӯ ба дарсҳо кам меомад,"- гуфт яке аз ин манбаъҳо, ки нахост, аз ӯ ном бурда шавад.

Талошҳои мо барои пайдо кардани Машраб Файзулло, ки як соли ахир ректори Донишгоҳи славянӣ аст, то ин дам бенатиҷа буд. Ҳамкоронаш гуфтанд, намояндагони додситонӣ дар утоқи ректор ҳастанд ва ӯ феълан имкони суҳбат надорад.

Мақомот ҳам дар бораи писари ректор будани ронандаи нақлиёти “Lexus RX350” чизе нагуфтаанд. Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар хабари аввалаш дар бораи садама, номи писари ректорро Файзулло Комёб Машраб навишта буданд. Аммо баъдан насаби Машрабро аз номи ронанда бардошт.

Тибқи иттилои расмӣ, шаби 21 ба 22-юми сентябр ду мошини "Lexus RX350" соати 22:30 бо ҳам бархӯрда, баъдан Некрӯз Ниёзовро, ки дар канори роҳ меистод, пахш карданд. Яке аз ронандагон Комёб Файзулло 18 ва дигарӣ Оятулло Аҳтамзода 19-сола будаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки нақлиёти гаронарзиши "Lexus RX350" ба ин ҷавонон тааллуқ дошт ё ба наздиконашон? Мақомот гуфтанд, қазияро таҳқиқ доранд.

Расули Амонулло, писари Амонулло Ҳукумов соли 2013 садама карда буд
Расули Амонулло, писари Амонулло Ҳукумов соли 2013 садама карда буд

Ин бори аввал нест, ки номи писарони мансабдорон дар пайи робита ба тасодуфҳои нақлиётӣ расонаӣ мешавад. Намунаҳои барҷастаи чунин ҳодисаҳо садамаи маргбор дар моҳи октябри соли 2013 бо иштироки Расули Амонуллоҳ (писари Амонулло Ҳукумов, раиси собиқи ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон), ки бо марги се нафар анҷомид. Ё ҳалокати ду нафар дар натиҷаи садамаи соли 2016 бо иштироки Фаромӯз Саидов, писари Давлаталӣ Саид, собиқ муовини аввали нахуствазир ва раиси феълии вилояти Хатлон, ки мавҷи интиқодро ба миён овард.

Мақомот ҳамвора гуфтаанд, ин ҳодисаҳо тасодуфӣ буда, ҳар кас метавонад ба он дучор шавад ва фарзанди мансабдорон низ истисно нестанд.Аммо ин суол зиёд матраҳ мешавад, ки фарзандони ҷавони мансабдорон аз кадом ҳисоб мошинҳои гаронарзиш доранд? Ва ҳам борҳо хабар расидааст, ки онҳо дар кӯчаҳои Душанбе пойга ва мусобиқа ташкил мекунанд. Воқеаи ахир низ, ба гуфтаи баъзе шоҳидон ба мусобиқае монанд буд, ки дар он ронандагони ду мошини гаронбаҳо ширкат кардаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG