Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари раиси "Султони Кабир" ба боздоштгоҳ интиқол ёфт. ВИДЕО


Кабир Кабиров – писари Авазхон Кабиров – молики бозори “Султони Кабир”-ро, ки дар як садамаи маргбор муттаҳам аст, дастгир карда ва аз бемористон ба ИВС ё боздоштгоҳи идораи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ бурдаанд. Мақомоти Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 27-уми март гуфтанд, ки ӯ то анҷоми тафтишот дар боздоштгоҳ мемонад.

  • Кабир Кабиров шаби 23-юми март дар хиёбони марказии Душанбе бо худрави тамғаи "Лексус-450" ба садама дучор шуд. Дар натиҷаи он ду нафар аз ҳамроҳонаш – Саидов Саидҷаъфар Бахтиёрович ва Саҳобиддинзода Некзод Мисриддин, ки ҳарду 19-сола буданд, ба ҳалокат расиданд. Як ҳамроҳи дигараш бо захмҳои гуногун дар бемористон аст.
Тавре мақомоти корҳои дохилӣ гуфтанд, ташхиси ибтидоии тиббӣ-додгоҳӣ маълум кардааст, ки Кабир Кабиров ҳангоми садама дар ҳолати мастӣ набуд.

Сабаб - суръати баланд?

Мақомоти Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯянд, ӯ "бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, аввал ба девори бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанӣ бархӯрдааст." Ҳодиса дар рӯ ба рӯи бинои сохтмонаш нотамоми Хадамоти алоқа ва дар наздикии бинои порлумони Тоҷикистон рух дод.

Нисбат ба Кабир Кабиров бо иттиҳоми “вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ” (қисми сеи моддаи 212-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон), ки боис ба марги ду нафар шуд, парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. Ин моддаи қонуни ҷиноӣ аз панҷ то даҳ соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Кабир Кабировро аз беморхона ба боздоштгоҳ бурданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

"Сархуш набуд"

Тавре мақомоти корҳои дохилӣ гуфтанд, ташхиси ибтидоии тиббӣ-додгоҳӣ маълум кардааст, ки Кабир Кабиров ҳангоми садама дар ҳолати мастӣ набуд. Қаблан гуфта мешуд, ӯ дар ҳолати сархушӣ ба садама дучор шудааст.

“Фарзияи дигар, ки ҳангоми ҳаракат гӯиё чархи (баллон) мошини "Лексус 450" кафида ва садама рух додааст, тасдиқ нашуд. Танҳо баъди бархӯрдан ба сутуни канори роҳ, як чархи мошин хароб шудааст”, - гуфт ҳамсуҳбати мо дар Раёсати умури дохилии пойтахт.

Баъзе аз манобеъ мегӯянд, эҳтимол дар фурсати наздик Кабир Кабиров ба хотири халал наафтодан ба ҷараёни тафтишот, ба СИЗО бурда шавад.

Раёати корҳои дохилии пойтахт мегӯяд, Кабир Кабиров рӯзи 26-уми март аз боздошгоҳи ислоҳӣ воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба СИЗО ё Боздоштгоҳи муваққатии вазорати адлия интиқол дода шудааст. Манобеъ мегӯянд, дар онҷо имкони идомаи табобати ӯ вуҷуд дорад.

Ҳалокати беш аз 700 нафар дар садамаҳои ду соли охир

Кабир Кабирови 19-сола донишҷӯи соли якуми факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Наздикони хонаводаи Кабир Кабиров умедворанд, ки парванда тибқи қонун баррасӣ шавад. Султон Кабиров, аз пайвандони Кабир Кабиров дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ танҳо гуфт гуфт, "онҳо ба қонун умед бастаанд". Наздикони ду ҷавоне, ки дар ин садама ҷон бохтаанд, ҳозир нашуданд сӯҳбат кунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёре аз корбарон аз қурбониёни ҳодиса ба некӣ ёд карда ва гуфтаанд, ки ҳодиса тасодуф буд. Бархеи дигар мегӯянд, мошин воқеан бо суръати баланд омада, ба симчӯб бархӯрдааст.

Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Сабаб чист?

Бо вуҷуди ҷорӣ шудани муқаррароти шадиди ронандагӣ дар хиёбонҳои пойтахт, шурӯъ аз дурбинҳои "Шаҳри бехатар" то ҷаримаҳои сангини Бозрасии давлатии автомобилӣ, боз ҳам садамаҳои пурфоҷеа рух медиҳанд ва боиси ҳалокат мардум мешаванд. Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов таври давомдор боқӣ мондани вазъро ба чанд омил рабт медиҳад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик.

Вай мегӯяд, кор ба ҷое кашидааст, ки садамаҳои пурфоҷеа ва пурқурбонӣ дар хиёбони марказӣ ба номи Рудакӣ рух медиҳад, ки ҳам дурбинҳои "Шаҳри бехатар" ва ҳам сафи кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ ва ҳам шаҳри Душанбе назорат мебаранд.

"Яке аз сабабҳо, ба таври амиқ вуҷуд доштани коррупсия ва дуввум нуфуз ва таъсири афроди мансабдор ва бонуфузи кишвар мебошад. Кормандони БДА рақамҳои мошинҳои афроди мансабдор ва фарзандони онҳоро медонанд ва дар вақти дидани он, руйи худро мегардонанд. Гузашта аз ин, вобастагии кормандони БДА ба мансабдорону афроди бонуфуз, боиси сар задани чунин садамаҳо мешавад. Кормандони қатории БДА аз мансабдорон метарсанд, ки дар сурати занги телефон ба сардорашон, онҳо бекор мемонанд. Дигар ин, ки дар ихтиёри фарзандони синусоли поён фақат мансабдорон мошинҳои гаронбаҳоро мегузоранд, ки дар ниҳояти амр чунин ҳолатҳои фоҷеабор рух медиҳад",-мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов.

Солҳои охир чанде аз садамаҳо бо иштироки фарзандони мақомдорони тоҷик ва афроди шинохтаи кишвар рух додааст. Пурсарусадотарини он садамаи Расули Амонуллоҳ, писари Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, раҳбари пешини идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2013 буд. Дар пайи ин садама се нафар ҷон бохтанд, аммо мақомот гуфтанд, ҳарчанд мошин мутааллиқ ба Расули Амонуллоҳ буд, дар вақти садама каси дигаре бо номи Умар Шарифов ронандагӣ мекард.

Дар соли 2016 дар натиҷаи садамаи Фаромуз Саидов, писари муовини нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ду нафар ҷон бохтанд. Инчунин чанд садамаи дигари маргбор бо иштироки нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ва мақомоти дигар рух додааст.

Мақомот мегӯянд, аксари ин садамаҳо аз беэҳтиётӣ сар задаанд. Вале мунтақидон мегӯянд, ин ҳодисаҳо бештар ҳангоми “пойга” ё "мусобиқаи мошинронӣ бо суръати баланд" рух медиҳанд ва на ҳамеша гумонбарон ҷазо мегиранд.

XS
SM
MD
LG