Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхони ҷавони тоҷик дар тасодуфи нақлиётӣ ҳалок шуд


Некрӯз Ниёзов асосан бо сабки Муборакшо Мирзошоев ва Далер Назаров суруд мехонд
Некрӯз Ниёзов асосан бо сабки Муборакшо Мирзошоев ва Далер Назаров суруд мехонд

Некрӯз Ниёзов, овозхони ҷавони тоҷик ва аз шогирдони Далер Назаров, дар як садамаи нақлиётӣ фавтидааст. Наздиконаш гуфтанд, ҳодиса шаби 21 ба 22-юми сентябр дар наздикии тарабхонаи "Боми Ҷаҳон"-и шаҳри Душанбе рух дод.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар шарҳи ҳодиса гуфт, ду мошини "Lexus RX350" соати 22:30 бо бархӯрда, баъдан Некрӯз Ниёзовро, ки дар канори роҳ меистод, пахш карданд

Пайвандони Некрӯз Ниёзов ҷасади ӯро ба Бадахшон мебаранд
Пайвандони Некрӯз Ниёзов ҷасади ӯро ба Бадахшон мебаранд

Пайвандони овозхони ҷавон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "Некрӯз дар пайи зарбаи нақлиёт ба ҷӯйбори канори роҳ афтида, асосан аз сараш захм бардоштааст. Ӯро ронандаи таксӣ ба беморхона овард ва субҳи 22-юми сентябр овозхон дар Беморхонаи "Қарияи боло" даргузашт."

Ҷасади Некрӯз Ниёзови 28-соларо барои дафн ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бурданд.

Ду ронандаи нақлиёти гаронарзиши “Lexus RX350”, ки бархӯрдашон сабаби марги овозхони ҷавон шуд, 18 ва 19-сола будаанд. Феълан маълум нест, ки нақлиётҳо ба Комёб Файзулло ва Оятулло Аҳтамзода тааллуқ дошт ё ба наздиконашон. Мақомот гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар хабари аввалаш номи яке аз ронандагонро Файзулло Комёб Машраб навишта буд. Аммо дертар мақомот хабарро ислоҳ карда, насаби Машрабро бардоштанд. Мақомот ҳанӯз нагуфтаанд, ки чаро дар хабар тағйир ворид карданд.

Некрӯз Ниёзов бештар дар пайравии мактаби ҳунарии Муборакшо Мирзошоев ва Далер Назаров сурудҳо мехонд. Чандин навори якҷояш бо Далер Назаров ҳам дар шабакаҳои иҷтимӣ роҳ ёфтааст. Бозхонии сурудҳои "Рақс бикун" ҳамроҳи Меҳрнигори Рустам ва "Ай ҷони ман асират" Некрӯзро шинохта кардааст.

Ин бори аввал нест, ки овозхонони тоҷик дар садамаҳои нақлиётӣ қурбон мешаванд. Аз ҷумла Дамирбек Олимови 33-сола шаби панҷуми феврали соли 2022 дар роҳи Хуҷанд-Сомғор ба садама дучор шуда, ҷонашро аз даст дод. Пеш аз ин дар як садамаи пурсарусадо дар моҳи августи соли 2020, овозхони маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расида буд.

XS
SM
MD
LG