Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дамирбек Олимов, овозхони ҷавони тоҷикро ба хок супурданд. АКС


Наздиконаш гуфтанд, ӯ фарзанди ягонаи оила буд
Наздиконаш гуфтанд, ӯ фарзанди ягонаи оила буд

Ҷасади Дамирбек Олимов, овозхони ҷавон, аммо шинохтаи тоҷикро дар оромгоҳи Абубакри Сиддиқи ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) дафн карданд. Дар маросими видоъ ва хоксупории ӯ, ки пас аз зуҳри 5-уми феврал баргузор шуд, даҳҳо нафар аз ҳаводорон ва ҳамкорону дӯстонаш иштирок доштанд.

Наздиконаш гуфтанд, ӯ фарзанди ягонаи оила буд ва таҳаммули аз даст доданаш осон нест. Ҳамкоронаш аз ӯ овозхони маънисаро ном бурданд ва набуданашро зарбаи сахте ба арсаи ҳунар дар кишвар донистанд. Худи ӯ ҳанӯз соли 2013 дар суҳбат бо Радиои озодӣ гуфта буд, ки "мехоҳам, ҳам овоз зебо бошад, ҳам суруд пурмаъно бошад."

Дамирбек Олимов, овозхони 33-солаи тоҷик, ки соли 2011 бо таронаи "Зулфони майда дорӣ" рӯйи саҳна омад ва дертар бо таронаи "Дунё" машҳур шуд, шаби 5-уми феврал дар садамае дар наздикии шаҳри Хуҷанд ҷони худро аз даст дод.

Маросими видоъ ва дафни Дамирбек Олимов
Маросими видоъ ва дафни Дамирбек Олимов

Парвизбек Муродов, мудири ширкати "ҶМ" ва ҳамзамон продюсери Дамирбек Олимов, гуфт, "мошини ӯ дар гардиши Боғи Миллӣ, ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, наздикии Хуҷанд, чаппа шудааст. Дамирбек Олимов ҷон бохта, ду навозанда маҷруҳ шудаанд."

Ба иттилои дарёфтӣ, навозандаҳо Суҳроб Бердиеви 26-сола ва Муқимҷон Юсуфови 28-сола дар бемористон буда, вазъияти аввалӣ "нисбатан вазнин" гуфта мешавад.

Акбар Шарифов, сухангӯйи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, гуфт, "ҳодиса соати 1:40-и шаб рӯй дод. Ронандаи "Honda" аз идораи мошин набаромадааст. Дар натиҷа, мошин аз роҳ берун баромада, чаппа шудааст."

Аз лаҳзаи ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтани хабари марги Дамирбек Олимов садҳо нафар ёдвора ва изҳори ҳамдардиву таассуфи худро баён кардаанд. Яке аз хоксории ӯ гуфта, дигаре аз маънисаро буданаш.

Ба қавли рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик, Додоҷони Атовулло, "кош як бор, барои як лаҳза зинда мешудӣ ва медидӣ, ки имрӯз тамоми Тоҷикистон ба як толори нопайдоканор бадал гаштааст ва дар саҳна танҳо туӣ! Бонги санохониву ғулғулаи кафкӯбиҳоро мешунавӣ? Борони ашкҳоро мебинӣ? Пойкӯбию дастафшониҳоро мебинӣ? Ман ҳам ба сӯи ту даст меафшонам."

Ҷаноби Атовулло дар саҳифааш дар Фейсбук афзудааст, "дар саҳна, дар зиндагӣ, дар муҳовараю мусоҳибаҳо ғуруре дошт. Эҷодкоре, ки ғурур надорад, агар дар баландтарин кӯшк зиндагӣ кунад ҳам, баробари хаси рӯи раҳ қадр надорад."

Дамирбек Олимов ба ҷуз аз таронаҳои муосир, шашмақом низ мехонд ва узви гуруҳи шашмақомхонҳои "Нури Хуҷанд" ва дастаи ҳунарии "Садои Суғд" буд. "Суруди суннатии тоҷикро бо сурудҳои замонавӣ синтез карда мехонд. Аз шогирдони мактаби ҳунарии Ҷӯрабек Муродов буд," – гуфт Афзалшоҳи Шодӣ дар маросими видоъ бо овозхон.

Дамирбек Олимов зодаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ва фарзанди Ботурбек Олимов, ҳунарманди шинохта дар минтақа, аст. Чанде пеш ҷоизаи "Тарона", тарҳи мусиқии "Азия-Плюс"-ро соҳиб шуд. Аз худ се фарзанду чандин суруд гузошт. Охиринаш "Бачагиям" буд, ки бар матни шоир, Толиби Озарахш, омода шудааст.

Аксҳои бештар дар инҷост:

Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо сониҳа ё садамаи нақлиётӣ рӯй медиҳад. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодисаҳо даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, иддае маҷруҳу маъюб мешаванд. Дар як садамаи пурсарусадо дар моҳи августи соли 2020 овозхони маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расида буд.

XS
SM
MD
LG