Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнам, Дамирбек, Мадина...Кӣ барандаи “Tarona Music Award” шуд?


Барандагони ҷоизаи “Tarona Music Award” эълон шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Барандагони ҷоизаи “Tarona Music Award” эълон шуданд

Шабнами Сурайё, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки сурудҳояш аз тариқи расонаҳои давлатӣ пахш намешаванд, имсол ҷоизаи озмуни “Tarona Music Award”-ро гирифт.

Ин озмунро рӯзи 12-уми декабр бо ибтикори хабаргузории "Азия Плюс" сурат гирифт.

Шабнами Сурайё, духтари Сурайё Қосимова, ҳунарманди шинохта, ки солҳо сурудҳояш дар шабакаҳои давлатӣ намоиш дода намешавад, аз ҷумлаи ширкатдорони озмуни Tarona Music Award” буд. Худи ӯ ва мақомот инро шарҳ надодаанд, вале бархе коршиносон мегӯянд, "рӯйхати сиёҳ" вуҷуд дорад, ки бар асоси он "чеҳраҳои номақбул" ба шабакаҳои давлатӣ роҳ намеёбанд.

Дар озмуни “Tarona Music Award” бештар онҳое ҳузур доштанд, ки ё сурудаҳояшон дар шабакаҳои давлатӣ намоиш дода намешавад ва ё хеле кам онҳо дар онҷо пайдо мешаванд.

Ҷоизаи таронаи солро ба ҷуз аз Шабнами Сурайё, 15 сарояндаи дигар, мисли Дамирбек Олимов бо суруди “Омадӣ”, Мубориз Усмонов, бо суруди “Меравӣ”, Валиҷон Азизов, бо суруди “Сароб”, Чоршанбе Аловатов, бо суруди “Сароб”, Мадина Акназарова, бо суруди "Афсӯс", Меҳринигори Рустам, бо суруди "Рав", Нобовар Чаноров, бо суруди "Кабутар", Нигина Амонқулова, бо суруди "Фиребо", Фарзонаи Хуршед бо суруди "Ҷома норанҷӣ" ва дигарон сазовор шуданд.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия Плюс”, ки ташаббускори ин чорабинии фарҳангӣ аст, то соли 2006 озмуни “Суруди сол” баргузор мекард, вале дар пайи мухолифати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар робита ба истифодаи номи озмун аз идомаи он худдорӣ кард.

Бардошти тамошобинон ва ҳаводорони ин озмун дар робита ба баромади овозхонҳо низ мухталиф буд. Бархе гуфтанд, ки ҳамаи таронаҳо сазовори суруди сол буданд. Бархеи дигар аз овозхонҳои машҳур, ба мисли Шабнами Сурайё, Нобовар Чаноров ва Сафармуҳаммади Рустам ҷонибдорӣ карданд.

Дар гузашта муассисаҳои мухталифи Тоҷикистон озмунҳои беҳтарин суруд ё тарона баргузор мекарданд. Радиои “Азия Плюс” то соли 2006 се маротиба чунин озмунеро бо номи “Суруди сол” баргузор кард. Аммо ба гуфтаи коршиносони соҳа, истифодаи номи “Суруди сол”-ро Вазорати фарҳанги Тоҷикистон моли танҳо ин ниҳоди давлатӣ дониста буд.

XS
SM
MD
LG