Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дамирбек Олимов: Аз "Зулфони майда" то "Рози муҳаббат"


Дамирбек Олимов
Дамирбек Олимов

Дамирбек Олимов ба саҳнаи эстрадаи тоҷик тахминан ду ним сол пеш бо суруди нахустинаш “Зулфони майда дорӣ” гом ниҳод ва ҳаводорони зиёде пайдо кард.

Вай чанде қабл нахустин консерти худро дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор намуда, ҳоло сари таҳияи нахустин албоми сурудҳояш кор мекунад.

Дамирбек дар оғози сӯҳбат бо "Озодӣ" ба ин пурсиш, ки ба саҳнаи эстрада дохил шуданаш бо суруди “Зулфони майда” чӣ гуна буд:

Дамирбек: Вақте ки фестивал - озмуни «Чакомаи гесӯ» эълон шуд, мо аз шаҳри Хуҷанд бо барномае баромад кардем. Режисёри барнома, муаллимаи азизамон Иқболхон Нозирова буданд. Муаллима ба мо гуфтанд, ки суруде эҷод кунем, ки хоси фестивал - озмун бошад. Ман суруди «Зулфони майда» - ро сароидам.

Зулфони майда дорӣ,
Лаби пурханда дорӣ.
Ба назар ҷони ширине,
Ҳусни зебанда дорӣ.

Ҳамин тавр. Он ба ҳама писанд омад. Якумин бор ин сурудро дар Кохи Борбад хондам ва ҳозирон онро хуб пазируфтанд.

Озодӣ :Оҳанг ва матни ин сурудро кӣ эҷод кард?

Дамирбек: Оҳангашро худам ва матнашро ҳамроҳи овозхон ва оҳангсоз, Маҳками Баҳриддин эҷод кардем.

Озодӣ: Баъд қадамҳои навбатии шумо чӣ гуна сурат гирифт?

Дамирбек: Ман, ки худ дар оилаи санъаткор таваллуд шудаам, бо сурудҳои устод Ҷӯрабек Муродов, Одина Ҳошим, Боймуҳаммад Ниёзов, Зафар Нозим калон шудаам.

Озодӣ :Дар хонаводаи шумо киҳо санъаткор ҳастанд?

Дамирбек: Танҳо падарам сароянда ҳастанд. Соли 2004 ман ба коллеҷи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дохил шуда, танбурнавозиро омӯхтам. Он ҷоро хатм карда, ба ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» таҳти сарварии устод Ҷӯрабек Муродов дохил шудам. 6-7 сол мешавад, ки ман дар он ҷо фаъолият бурда, сирру асрори шашмақомро аз устодон омӯхта истодаам.

Озодӣ :Аммо чӣ шуморо водор кард, аз шашмақом ва овозхонии суннатӣ ба эстрада гузаштед?

Дамирбек: Дуруст, ман бисёртар сурудҳои шашмақомро мехондам ва ҳоло ҳам мехонам. Соли 2009 ба тариқи озмун (кастинг) ба ансамбли созиву овозии «Садои Суғд» дохил шудам ва хостам шашмақом ва ҳам сурудҳои эстрадӣ сароям.

Озодӣ :Як суруде, ки ҳамроҳи Нигина Амонқулова сароидед, “Яллалум” ном дорад, ки аз тарафи мухлисонатон хуш пазируфта шуд. Ин суруд чӣ тавр эҷод шуд?

Дамирбек: Ин сурудро дар шаҳри Душанбе дар ҷашни Наврӯзи соли 2011 бо Нигина иҷро кардем. Суруд ишқӣ буд, мо хостем аз он клипи наврӯзӣ созем. Ба шоир - Озарахш муроҷиат кардем, ки мисраҳояшро иваз кунанд. Баъд суханҳояшро ба тавре ки ҳозир ҳаст, иваз карданд ва мо аз он клип сохтем.

Озодӣ :Мазмуни аввалааш чӣ гуна буд? Ин суруди халқӣ аст?

Дамирбек: Ин суруди халқии бухорову самарқандӣ аст. Мо дар аввал суханҳояшро наврӯзӣ кардем. Баъдан онро ишқӣ кардем.

Озодӣ :Ҳамроҳи Нигина, дар дуэт шумо дигар сурудҳоро низ иҷро кардед ё ки танҳо ҳамин?

Дамирбек: Не, танҳо ҳамин сурудро. Ҳоло боз ният дорем, ки боз сурудеро якҷоя сароем.

Озодӣ :Дар овозхонии эстрадӣ ба кӣ пайравӣ мекунед? Ё ки мехоҳед роҳи равиши худатонро ёбед?

Дамирбек: Аслан санъаткор бояд ки дар аввал ба касе пайравӣ кунад. Баъд роҳи худро меёбад. Ман бисёртар ба устод Ҷӯрабек Муродов, Афзалшоҳ Шодиев, Мардон Мавлонов пайравӣ мекунам. Ман кӯшиш дорам, ки роҳи худро ёбам.

Озодӣ: Дар сурудхонӣ бештар шумо ба чӣ таваҷҷуҳ мекунед, болои оҳанг ё овоз?

Дамирбек: Ман мехоҳам, ҳам овоз зебо бошад, ҳам суруд пурмаъно бошад.

Озодӣ: Хуб, дар консертатон, ки як моҳ пештар дар Кохи Рӯдакӣ гузашт ва “Рози муҳаббат” ном дошт, чанд суруд хондед?

Дамирбек: Мо дар барнома ҳамагӣ 23 суруд сароидем. Меҳмонони барнома устод Ҷӯрабек Муродов, Нигина Амонқулова ва Ҷонибек Муродов буданд.

Озодӣ: Оҳангаш ва матни ин сурудҳо аз кӣ аст?

Дамирбек: Оҳангашро бисёртар худам, баъзан ҳамроҳи падарам - Ботурҷон Олимов эҷод мекунам. Матнашро бошад, бисёртар бо устод Озарахш ҳамкорӣ карда менависем. Баъзан аз ашъори устод Лоиқ низ истифода мебарам. Суруди «Нома»-ро аз ашъори Лоиқ хондаам. Ман бо бисёр шоирон ҳамкорӣ мекунам. Вақте ман оҳанг менависам, ба устод Озарахш муроҷиат мекунам.

Озодӣ :Яъне шумо аввал оҳанг менависед? Ё ки аввал сурудро интихоб карда, ба он оҳанги муносиб месозед?

Дамирбек: Вақте ки шеър ба ман маъқул шуд, ба он оҳанг менависам. Аммо агар илҳом ояд, аввал оҳанг навишта, бо шоирон маслиҳат мекунам ва ба вазни он нигоҳ карда, шеър эҷод мекунем.

Озодӣ :Аз Лоиқ Шералӣ танҳо як суруд хондаед?

Дамирбек: Бале, танҳо як суруд. Вале ният дорам дар консерти ояндаам аз эҷодиёти Лоиқ ва бархе дигар шоирони муосир ва классики тоҷик истифода барам.

Озодӣ: Аз сурудҳое, ки эҷод кардаед, ба шумо бешатар кадомаш писанд аст?

Дамирбек: Суруде, ки бисёртар ба мухлисон ва ба худам писанд омад, ин «Зулфони майда» буд. Аммо бар наздикӣ клипи наверо ба навор гирифтем, ки он «Аҷаб-аҷаб» ном дорад ва он низ писандам омад:

Аҷаб-аҷаб гаштанакош, кабки хиромон барин,
Аҷаб-аҷаб он лабакош, пистаи хандон барин.
Аҷаб-аҷаб зулфи баногӯша яке тоб дод,
Бо нигаҳу ғамза чашми маро об дод.

Озодӣ :Ташаккур, Дамирбек. Ҳоло гуфтед, ки 21 суруд эҷод ва сари баровардани диски нахустинатон низ кор мекунед?

Дамирбек: Иншоаллоҳ. Ҳоло консертро монтаж карда истодаанд, худо хоҳад, ба наздикӣ дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯш он дастрас мегардад.

Озодӣ: Дамирбек, барои шунавандагони Радиои Озодӣ дар барои худатон, аҳли оилаатон нақл кунед.

Дамирбек: Ман оиладор, соҳиби 2 фарзанд, яке писар ва дигаре духтар . Дар оила ман барои падару модарам танҳо фарзанди ягона ҳастам.

Озодӣ:Ташаккур барои сӯҳбат. Муваффақиятҳо ёри шумо бод, Дамирбек!

Дамирбек: Аз шумо ҳам ташаккур.
XS
SM
MD
LG