Адиби маъруф се сол боз дар Қирғизистон дар як хонаи оҳанин, дар шароити бад, зиндагӣ мекард ва ин ба сиҳатии ӯ осеби ҷиддӣ расондааст.
Ҳоло нависандаи 71-сола дар хонаи яке аз пайвандонаш зиндагӣ дорад.
Пойҳояш аз кор монда, бистарист. Вай барои дарёфти кумак ба раиси ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев нома навиштааст.
"Қамчибек Қидиршоевич посух додааст, ки "вазъ мушкил аст. Ман номаро алоҳида баррасӣ мекунам. Ин ҳафта занг мезанам ва бо ӯ суҳбат мекунам. Бояд кумак расонем.” Ман то ҳол интизорам,” – гуфт нависанда дар суҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ
Видеоро инҷо бинед:
Ба гуфтаи пизишкон, нависанда ба пайванди гурда ниёз дорад.
Арзиши ин ҷарроҳӣ 10 ҳазор доллар будааст.
Дар ду рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум барои ёрӣ ба ӯ 100 ҳазор сом ё беш аз 12 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварданд.
Нависанда ва журналист, Мирзоҳалим Каримов, зодаи ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон буда, беш аз 40 сол боз дар Қирғизистон кору зиндагӣ дорад.
Ӯ асосан ба забони қирғизӣ асар менависад.
Узви Иттифоқи нависандагон ва журналистони Қирғизистон, муаллифи тақрибан 20 асару китоб аст. Бо ташаббуси ӯ дар Қирғизистон Маркази забон ва адабиёти қирғизу тоҷик таъсис ёфта буд.
Гуфтугӯ