Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзоҳалим Каримов: Руҷӯи Манас ва Санирабигӣ


Ин паём барои мо аз Бишкек, аз нависандаи машҳури Қирғизистон Мирзоҳалим Каримов расид. Вай нависандаи тоҷик низ ҳаст ва асарҳояш дар Тоҷикистон низ борҳо нашр шудаанд.

Ба сӯи ҳамдигар тир наандозед, балки савганди дӯстии абадӣ бихӯред, зодагони мо – қирғизҳо ва тоҷикон!

Салом, зодагони мо – қирғизҳо ва тоҷикон!

Ҳис кардем, шумо дар ҳоле нестед, ки ба азизтарин арзиши худ – сулҳи байниҳамӣ арҷ гузоред ва вақте мебинем, ки ба гирдоби бозиҳои геополитикии қудратҳои бузург барои моҳидорӣ дар оби гилолуд дар Осиёи Марказӣ ғарқ мешавед, рӯҳи мо ором буда наметавонад. Дилгирифта аз ояндаи ин аъмол, фарзандони азиз, хостам Васияти падарию модарии худро ёдоваратон шавем.

Агар шумо хубии худро мехоҳед ва дуо мекунед, ки рӯҳи нахустпадари қирғизҳо – Манаси шоиста ва модарбузурги қирғизҳо – духтари халқи тоҷик – Санирабигӣ мададгоратон бошанд, пас ба садои мо гӯш диҳед, ки аз умқи дилу вуҷудамон берун меояд. Васияти мо ба шумо: сазовори хотираи ниёкони худ зиндагӣ кунед, ки ҳазосолаҳо ҳамдигарро эҳтиром мекарданд ва дӯст медоштанд ва ба ҳусни ҳамсоягию бародарӣ арҷ мегузоштанд. Арвоҳи мо аз шумо розӣ нахоҳанд буд, агар натавонед, ин сарвати бебаҳоеро ҳифз кунед, ки ниёкон барои қарнҳо ба мо васият кардаанд.

Агар шумо худро дар тангнои худхоҳии қавмӣ ва бетафовутӣ шиканҷа медиҳед, муносибатҳои хешовандиро ҳифз намекунед, ба таҳкими риштаҳои муқаддаси байни ду халқи бузург талош намекунед, бадбахтиҳои бузургеро ба сари худ меоред ва ба парандае монанд мешавед, ки як қанот хоҳад дошт. Душмании байни хешонро танҳо рақибони онҳо мехоҳанд, аммо наслҳои оянда ин амалҳои сабукборонаро маҳкум хоҳанд кард. Шумо, фарзандони мо, писарону духтарони мо, ки давоми умри моед, масъули ин ҳастед, ки бузургтарин дастоварди наслҳои пешӣ – муносибатҳои хешовандиро ҳифз кунед ва ба наслҳои оянда мерос гузоред. Инро дар хотир дошта бошед ва ҳаргиз фаромӯш накунед!

Дар ёд дошта бошед, ки инсон аз мавҷудоти дигари зинда на танҳо бо шуур ва ҷаҳонбинияш фарқ мекунад. Ҳаёти ӯ ҳамеша бо кори пайвастаи рӯҳу равонаш ҳамроҳ аст. Инсон ҳамеша ҷӯёи зебоӣ, покӣ ва бузургист ва барои ҳамин аз таваллуд то маргаш ба парваришу омӯзиши рӯҳи худ ниёз дорад. Аз ҳамдигар бегона нашавед, кӯшиш кунед, бародарони ҳамдигарро ба хубӣ дарк ва ҳис намоед, ҳамдигарро дӯст доред, ғамхори ҳамдигар бошед ва якдигарро ба корҳои неку бузург даъват кунед. Аз комёбии якдигар шод шавед ва дар ғаму дард шарики ҳамдигар бошед.

Вақте рӯҳи инсон қашшоқ мешавад ва гоҳе ки фитраташ ба пастӣ муросо мекунад, вай асири ҳирс мегардад ва он гоҳ барои нафси ӯ миллионҳо ҳектор замину оби ҳамаи уқёнусҳо қаноат намеорад. Вай аз муҳимтарин сарват – инсоф ва ақли солим маҳрум мегардад.

Вале замоне ки одамон дили шод доранд ва ба ғаму шодии одамони дигар бефарқ нестанд, онҳо метавонанд, дар як порча замин бо ҳам зиндагӣ кунанд, аз оби як ҷӯяки хурд бинӯшанд ва як нонро ду тақсим кунанд. Бигзор чашми носерами худхоҳонро танҳо кафи хоке пур кунад, вақти маргаш ба гӯре фурӯ хоҳад рехт, ки ҳамагӣ ду метр дарозию як метр бар дорад.

Мо аз шумо на хунгармӣ, бетоқатӣ, душманӣ ва қудратталабиро интизорем, ки ба бадбахтиҳои бузург ва фалокатҳои азим мерасонанд. Агар шумо мадади арвоҳи моро мехоҳед, фарзандони азизи мо – қирғизҳо ва тоҷикон, риштаҳои хеширо маҳкамтар кунед, дӯстиро мустаҳкам гардонед ва ба душманони умумии худ имкон надиҳед, дар байни шумо фона зананд. Худро хандахариши дигарон накунед! Дар ёд дошта бошед: нерӯҳое, ки хешовандӣ ва дӯстии шумо онҳоро ором намегузорад, барои ҷанг андохтани ду бародар аз ҳеч пастие ҳазар намекунанд!

Он замине, ки бӯйи нон ва арақи ҷабини деҳқонро дорад, он рӯдҳои кӯҳии оби ҷонбахш, ки мо бароятон ба мерос гузоштем, ба ҳамаатон мерасад. Ҳамаи ин сарчашмаи абадии зиндагии шумост. Бигзор қатраи хуне ба рӯи ин замини муқаддас нарезад! Ҳар ваҷаби ин заминро бӯса занед! Ба қувваҳои ифлос иҷоза надиҳед, замини шуморо нопок кунанд! Таърих намунаҳои зиёдеро дидааст, ки ба иллати ҷангу хунрезӣ гулистонҳои зиёде ба биёбон табдил шуда, сокинони онҳо ба бадбахтӣ ва азобҳо гирифтор гаштаанд. Дар ҳалли ҳама гуна баҳсҳо одил бошед ва ҳаргиз роҳ надиҳед, ки хашми шумо аз ақли шумо болотар равад! Бигзор ин байтҳо бароятон роҳнамои зиндагӣ шаванд ва Сухан зарбони дили шуморо ҳамоҳанг созад:

Ворисони Манаса и Хоникей,
Аз азал ба ҳам пайвандед!
Ҳаркӣ агар инро надонад
Арвоҳи рафтагон ӯро хоҳад зад!

Писари ман қирғиз, писарам тоҷик гӯш дор,
Ҳушманд бошу ҳарфам дар ёд дор:
Табори ҳарду азалист
Ва гарави хушию хушбахтӣ!


Бо чашми хирад ба ин ҷаҳон нигаред ва бо ҳуш ояндаро бинед! Хешовандии хуниро фаромӯш накунед! Арвоҳи мо танҳо замоне осуда хоҳад хуфт, ки шумо ба тафоҳум ва қадри дӯстию накӯӣ мерасед! Агар шумо ба иғво дода мешавед ва сӯи ҳамдигар тир меандозед, бидонед, ки ҳар тири шумо аввал дили мо ниёи шумо – Манас ва нахустмодари муқаддаси шумо – Хоникейро хоҳад шикофт! Арвоҳи мо замоне ором хоҳад гирифт, ки шумо савганди ҷовидонаи хешовандӣ бихӯред.

Мирзоҳалим Каримов, нависандаи қирғизу тоҷик,
шаҳри Бишкек
XS
SM
MD
LG