Дар КДАМ гуфтанд, нисбати Куренов бо моддаи "Ғасби худсаронаи ҳокимият" парванда боз шудааст. Бо ҳамин модда нисбати соҳибкор ва соҳиби ширкати "КЖ гуруҳ" Имомиддин Ташов низ парванда боз кардаанд.
Ба иттилои тафтишот, Куренов ва Ташов дар тавтиаи муштарак ва "бо афроди харобкор нақша доштанд, ки тавассути баргузории гирдиҳамоиҳои оммавӣ ҳокимиятро ғасб кунанд". "Барои расидан ба ҳадаф Ташов ба таври пайваста Тилекмат Куренов ва дигар афродро маблағгузорӣ мекард", - хабар додааст КДАМ.
Куренов соли 2022 Қирғизистонро тарк карда, айни ҳол дар ИМА зиндагӣ мекунад.