Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба 44 хориҷии "ҷанҷолӣ" шаҳрвандии Русияро дод


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 9-уми январ фармонеро дар бораи тақдими шаҳрвандии ин кишвар ба 44 хориҷии "ҷанҷолӣ" имзо кард.

Яке аз онҳо Ратко Самак, афсари пешини артиши Югославия аст.

Босния ва Ҳерзеговина ӯро ба иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ дар соли 1993 меҷӯянд.

Ратко Самак аз соли 1999 боз дар Русия қарор дорад. Маскав истирдоди ӯро ба Сараево рад кардааст.

Ба рӯйхати шаҳрвандони нави Русия муштзани ҳирфаии амрикоӣ Кевин Ҷонсон низ шомил аст.

Ҳоккейбоз аз Канада Брендан Лейпсич ва пизишки хорватӣ Мирела Якупанетс низ аз шаҳрвандони нави Русия ҳастанд. Аввалӣ дар дастаи СКА-и Санкт-Петербург бозӣ мекунад ва дувумӣ аз ишғолгарии Русия дар вилояти Донетски Украина пуштибонӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG