Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Титов гуфт, аз муҳоҷирон натарсед, вале дар "бало" монд. ВИДЕО


Борис Титов, ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон дар Русия
Борис Титов, ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон дар Русия

Изҳороти мансабдори рус дар бораи зарурати ҳузури муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар, дар шабакаҳои иҷтимоӣ миллатгароёни русро ба хашм овардааст.

Борис Титов, ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон дар Русия дар як суҳбаташ бо расонаи “РИА Новости” аз шаҳрвандони ин кишвар хост, аз муҳоҷирон наҳаросанд. Ӯ суханҳо дар бораи ин, ки гӯё муҳоҷирон аз ҳама бештар ҷиноят содир мекунанд, беасос хонд.

Борис Титов гуфт, хуб медонад, ки русиягиҳо аз муҳоҷирон хавф доранд, аммо афзуд, ин нигарониҳо асоси воқеӣ надоранд. Титов бо такя ба омори Вазорати корҳои дохилаи Русия гуфт, шаҳрвандони ин кишвар ба маротиб бештар аз муҳоҷирон ҷиноят содир мекунанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Бо наздикшавии интихоботи президентии Русия баҳси муҳоҷирати корӣ гарм мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

Борис Титов, ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон дар Русия дар изҳороти ахири худ сабаби бархурди манфӣ бо муҳоҷиронро тарси русиягиҳо барои аз даст додани ҷойҳои корӣ номидааст. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, чунин хатаре вуҷуд надорад ва шаҳрвандони Русия вобаста ба донишу таҷрибаи худ метавонанд дар ҳар самту соҳа ва бо дилхоҳ маош ҷойи кор пайдо кунанд.

Пуштибонии ин мансабдори рус аз муҳоҷирони корӣ дар Русия дар ҳолест, ки моҳҳои ахир муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан аз Тоҷикистон, фишори бесобиқаро пушти сар мекунанд. Мансабдорони ростгарои рус муҳоҷиронро аксаран чун сарчашмаи ҷинояткорӣ муаррифӣ мекунанд ва сокинони маҳаллӣ ҳам дар бархе аз минтақаҳои Русия ба таври гурӯҳи дар муроҷиатҳои видеоӣ аз рафтору кирдори муҳоҷирон ба мақомот шикоят мекунанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар 11 моҳи соли гузашта дар ин кишвар як миллиону 800 ҳазор ҷиноят содир шудааст. Аз ин теъдод 36 ҳазор ё ҳамагӣ каме бештар аз 2 дар сади ин ҷиноятҳо аз сӯйи шаҳрвандони хориҷӣ содир шудааст.

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, як сабаби афзоиши интиқоду пайёмҳои муҳоҷирситезонаро ба маъракаи қарибулвуқуи сиёсии ин кишвар рабт медиҳад.

“Вақте дар Русия ягон маъракаи сиёсӣ пешбинӣ мешавад, масъалаи муҳоҷирон ҳам аз тарафи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ дар сатҳи баланд бардошта мешавад ва онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба интихобкунандаҳо нишон диҳанд, ки онҳо аз манфиати шаҳрвандони Русия ҳимоя мекунанд. Бо ҳамин фақат пеш аз маъракаҳои сиёсӣ мавзуи ин ки гуё муҳоҷирон ҷинояти бештар содир мекунанд, бардошта мешавад,”—гуфт ӯ.

Дар робита ба нигарониҳои шаҳрвандони Русия аз камбуди ҷойи кор ҳам омор вазъро баръакс нишон медиҳад. Охири моҳи декабр раҳбари Бонки марказии Русия, Элвира Набиуллина гуфта буд, ки мушкили аслии иқтисоди Русия баръакс камбуди муттахассисон аст.

“Мо дида истодаем, ки дар бисёр минтақаҳо талош доранд, камбуди нерӯи кориро бо роҳҳои дигар, аз ҷумла ҷалби қувваи кории иловагӣ ҳал кунанд. Инро афзоиши басти корӣ меноманд. Чунин натиҷаҳоро мо дида истодаем. Корхонаҳо ва тоҷирон кушиш мекунанд, ки роҳҳои ҳалли ин мушкилотро пайдо кунанд. Вале бо вуҷуди ин мо мебинем, ки масъалаи камбуди қувваи корӣ яке аз сабабҳои монеи рушди истеҳсолот шудааст,”—гуфт Элвира Набиуллина.

Бо вуҷуди афзоиши фишорҳо алайҳи муҳоҷирон, боздоштҳои гурӯҳӣ ва талошҳо барои рондану маҳрум кардани муҳоҷирон аз шаҳрвандӣ, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Русия дар шароити феълӣ ба нерӯи арзони корӣ шадидан зарурат дорад ва новобаста ба ин ҳама аз нерӯи муҳоҷирони корӣ даст нахоҳад кашид.

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик дар Русия гуфт: “Сокинони маҳаллӣ дар он шароите, ки муҳоҷирон кор мекунанд ва бо он маоше, ки онҳо мегиранд, онҳо ба кор розӣ намешаванд. Онҳое, ки мегӯянд, муҳоҷирон ҷойи кори сокинони муқимиро мегиранд, ягон асос надорад. Дар Русия ба кадом соҳае, ки назар накунӣ ҷойи кори холӣ ҳаст. Фақат сокинони маҳаллӣ намехоҳанд дар он ҷойҳо кор кунанд.”

Русия макони кори ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон аст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ Русияро барои фароҳам накардани шароити дурусти корӣ ва нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон пайваста танқид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG