Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбоз, муҳоҷир, зиндонӣ... Марги тоҷикон дар ҷанги Русия ба зидди Украина. ВИДЕО


Маргу мири тоҷикон дар ҷанги Украина афзудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Дар як соли охир номи даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия ба зидди Украина расонаӣ шуд. Бархе сарбозу афсари артиши Русия буданд, гурӯҳе муҳоҷирони корӣ ва маҳбусон.

“Ба ҷанг нарав”

Бахтовар Орифови 30-сола аз Истарвашан фармондеҳи як бахши низомӣ дар артиши Русия буд. Ӯ дар аввали моҳи декабри имсол дар набарде дар вилояти Донетски Украина кушта шуд. Рӯзи 13-уми декабр дар зодгоҳаш дафн карданд.

Дар наворе пеш аз гуселаш ба ҷанг духтари чорсолаи ӯ илтиҷо кардааст, ки ба ҷанг наравад. Ҷанге, ки таҷовузи Русия ба хоки Украина медонанд ва барои ин рафтораш ба зидди Маскаву мансабдорони рус таҳримҳои сахт ҷорӣ кардаанд.

Бахтовар Орифов
Бахтовар Орифов

Бахтовар Орифовро чанд сол пеш Тоҷикистон барои таҳсил ба омӯзишгоҳи ҳарбии Рязан фиристод ва бояд тибқи қарордод ба ватан бармегашт, аммо дар онҷо монд. Падараш Нӯъмон Орифов рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ бар асари таркиши мина маҷрӯҳ шуда, сипас ҳадафи ҳамлаи дронҳо қарор гирифтааст.

Фиреб ё ночорӣ?

Дар ҷанги Русия алайҳи Украина, ки моҳи феврали соли 2022 оғоз шуд ва сабаби маҳкумиятҳои байнулмилалӣ гардид, зодагон ё шаҳрвандони Тоҷикистон бо тарзҳои гуногун ҷалб шудаанд. Онҳоро ба се гурӯҳ тақсим мекунанд:

  • Сарбозону афсароне, ки дар артиши Русия хидмат мекарданд;
  • Муҳоҷирони корӣ, ки бо ваъдаи шаҳрвандиву пули калон ба ҷанг ҷалб шуданд;
  • Зиндониёни тоҷик, ки дар шароити номаълум ба ҷанг бурда шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон то ин дам танҳо сад мавриди ҷалби маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг тасдиқ карданд. Зулфиқор Муҳиддинов, сокини 27-солаи Ҳисор, аз ҷумлаи он зиндониён буд, ки дар ҷанг кушта шуд. Ӯро моҳи январи имсол дар Ҳисор дафн карданд. Барои қочоқи маводи мухаддир шаш сол зиндонӣ шуда буд.

Ҷалби муҳоҷирони одӣ ба ҷанги Украина аз маъракаи дигари мақомоти Русия буд. Бархе бо фиреб санадро имзо гузоштанд ва бархе аз ночорӣ розӣ шуданд ба ҷанг бираванд.

Шарифыон Тиллозода
Шарифыон Тиллозода

Шарифҷон Тиллозодаи 32-сола барои рафтан ба ҷанг моҳи сентябри имсол ҷалб шуд, вале замони омодагӣ ӯро ба ҷосусӣ муттаҳам карданд. Ҳоло ӯ дар боздошт аст.

Қабл аз боздошташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон зери фишор қарор дошту ҳузураш дар Русия низ ғайриқонунӣ шудааст. Аз ин рӯ, ночор қарордоди рафтан ба ҷангро имзо кард. Ӯ айни ҳарфҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам нашр кард, вале баъдан бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуд ва сарнавишташ дигар маълум нест.

"Агар "мобилизатсия" шавад..."

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, имсол шикоят аз ҷалби маҷбурии онҳо ба ҷанг дар муқоиса ба соле пеш аз он камтар буд, вале бо шеваҳои дигар ин даъват давом дошт.

Валентина Чупик
Валентина Чупик

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, гуфт: “Рӯзномангирону блогерони мо фаъолона дар миёни муҳоҷирон маълумот паҳн карданд, ки агар қарордод имзо кунед, шуморо марг интизор аст. Барои ин, ҳатто вақте шуморо мезананд, тоқат кунед. Муҳоҷирон фаҳмиданд, аз имзои қарордод даст кашиданд, барои ҳамин, ҷалб бо ин роҳ бас шуд. Агар ин бор мобилизатсия шавад, ки фикр мекунам, мешавад, боз ҳам афроди беҳомӣ, мисли муҳоҷирон ва русиягиҳо аз ҳисоби ақаллиятҳои миллӣ дар ин рӯйхат хоҳанд буд.”

Теъдоди дақиқи зодагон ё шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ба ҷанги Украина ҷалб шудаанд, маълум нест. Танҳо исми бештар аз сад нафари онҳо пас аз фавт ё дар асорат дар Украина расонаӣ шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG