Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Исроил гуфт, шимоли Ғаззаро пурра таҳти назорат гирифтанд


Нерӯҳои дифои Исроил аз анҷоми амалиёти густурдаи ҷангӣ дар шимоли Ғазза хабар дода, эълон карданд, ки ин минтақаро пурра таҳти назорати худ гирифтаанд.

Ба иттилои Даниэл Хагарӣ сухангӯйи артиши Исроил, "амалиёти нобудсозии ҷиҳодиҳо панҷ ҳадафро дар бар дошт" Маҳви фармондеҳон ва гурӯҳи ҷангҷӯёни амалиёти заминӣ, ҷамъоварии маълумоти иктишофӣ, нобуд кардани силоҳ ва роҳҳои зеризаминӣ. "Ҳамаи ин ҳадафҳо иҷро шуданд”- афзуд вай.

Ба гуфтаи мақомоти Исроилӣ ҳоло артиш ба амалиёти ҷангӣ дар марказ ва ҷануби Ғазза тамаркуз кардааст.

Ин эълони Исроил, дар остонаи сафари котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен ба минтақа расонаӣ шуд. Мақомоти Амрико борҳо ба Исроил таъкид кардаанд, ки ҳамла ба раҳбарони ҲАМОС-ро ҳадафноктар кунанд ва барои ҳифзи ҷони ғайринизомиён дар Ғазза талоши бештар намоянд.

Ҷанг дар Навори Ғазза пас аз он оғоз шуд, ки гурӯҳи тундрави “Ҳамос” дар як ҳамлаи бесобиқа ба Исроил рӯзи 7-уми октябри соли 2023-юм 1200 нафарро кушт ва 240 нафарро гаравгон гирифт. Қисме аз онҳо, асосан занону кӯдакон бо фаластиниҳои боздоштшуда, иваз карда шуданд.

Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои Исроил дар тақрибан се моҳи охир зиёда аз 22 ҳазор фаластинӣ, аксаран занону кӯдакон кушта шуданд. Ин идора зери назорати “Ҳамос” аст.

Аксар кишварҳои ҷаҳон, Исроилро барои қатли мардуми зиёди фаластинӣ танқид мекунанд. Исроил дар Посух, “Ҳамос”- ро ба он айбдор мекунад, ки дар байни биноҳои истиқоматии Ғазза ҷой гирифта, мардумро чун сипар истифода мекунад.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, қавл додааст, ки то замони нобудии “Ҳамос” ҷанг идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG