Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниш дар миёни ду Корея дубора зиёд шуд  


Низомиёни Кореяи Шимолӣ рӯзи 5-уми январ ба наздикии яке аз ҷазираҳои Кореяи Ҷанубӣ тирпаронӣ кардаанд. Дар ин бора оҷонcи “Рёнхап” хабар дод.   

Ба навиштаи манбаъ, дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Кореяи Ҷанубӣ амали низомиёни Кореяи Шимолиро "иғво” номид ва аз чораҳои ҳамсон ҳушдор дод. Артиши Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 5-уми январ як тамрини тӯпхонаҳои дарёӣ анҷом дод.

Ҳамчунин “дар пасманзари нишонаҳои возеҳи иғвои низомии Кореяи Шимолӣ” дастур шудааст, ки сокинони ҷазираи Ёнпхёндоро дар Кореяи Ҷанубӣ ба паноҳгоҳҳо кӯчонда шаванд.

Таниш миёни ду ҳамсоя дар ҳоле боло мегирад, ки Ким Чен Ин, роҳбари Кореяи Шимолӣ 28-уми декабри соли 2023 ба артиш амр дод, ки ба як ҷанги эҳтимолӣ омодагии бештар бинанд.

XS
SM
MD
LG