Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як марди тоҷик "порае аз ҷигарашро" ба ҳамсари худ додааст


Муҳаммадӣ Лолахонов гуфт, барои он ба пайванди ҷигар розӣ шуд, ки ҳамсарашро дӯст медорад
Муҳаммадӣ Лолахонов гуфт, барои он ба пайванди ҷигар розӣ шуд, ки ҳамсарашро дӯст медорад

Як мард аз ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон "порае аз ҷигарашро" ба ҳамсари худ додааст, то ӯро солҳои дароз зиндаву саломат бинад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 2-юми январ бо нашри наворе дар Фейсбук гуфт, амалиёт "се рӯз пеш" дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон гузашт.

Муҳаммадӣ Лолахонов, сокини ноҳияи Шаҳритус, дар ҳамин видео вазъи саломати худ ва ҳамсарашро хуб арзёбӣ кард.

Вай гуфт, ба амалиёти пайванди ҷигар барои он розӣ шуд, ки ҳамсарашро дӯст медорад ва мехоҳад, ӯ солҳои дароз болои сари фарзандон бошад.

Пизишкони тоҷик чанд сол боз амалиёти пайванди гурдаву ҷигар ва узвҳои дигари инсонро анҷом медиҳанд, вале тақдими порае ҷигари мард барои занаш мавриди камсобиқа будааст.

Омори нав дар бораи онҳое, ки дар Тоҷикистон ба пайванди ҷигар эҳтиёҷ доранд, дастрас нест.

Маркази пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон соли 2018 гуфта буд, ки 700 нафар дар ҷустуҷӯйи "ҷигари зинда" ҳастанд, аммо на ҳама "донор" меёбанд.

XS
SM
MD
LG