Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: шаби соли нав як ҷиноят сабт шудааст


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шаби соли нав дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ як ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ дар хабарномае гуфт, сатҳи ҷинояткорӣ дар байни шаҳрвандон коҳиш ёфтааст ва ин натиҷаи "фаъолияти пурсамари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ" аст.

Аммо баъзе сокинон мегӯянд, имсол низ дар шаби соли нав садои маводи тарфгарӣ ё "хлопушка" мардумро безобита кард.

Тоҷикистон дар гузашта шоҳиди ҳодисаҳои хунин дар шаби соли нав буд. Аз ҷумла соли 2012 Парвиз Давлатбековро бо либоси "Бобои барфӣ" дар шаби соли нав куштанд. Додгоҳ панҷ нафарро дар ин ҳодиса гунаҳкор эълон кард.

XS
SM
MD
LG