Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский: Украина қавитар шудааст


Зеленский
Зеленский

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар суханроние бахшида ба соли нав гуфт, кишвараш дар идомаи ҷанг бо Русия, ки қариб ду сол аст идома дорад, барои ғалаба бар мушкилот қудрати бештар пайдо кардааст.

“Дастовари аслии имсол ин аст, ки Украина қавитар шудааст. Украиниҳо қавитар шудаанд. Дао оғози соли 2023 бидуни муболиға сахтарин зимистон таърихро пушти сар гузоштем. Аммо собит кардем, ки украиниҳо сахтар ва қавитар аз сармо ва торикӣ ҳастанд,”-гуфт Зеленский.

Аммо раиси ҷумҳури Украина дар паёми видеои 20 дақиқаӣ тақрибан ҳеч ишораи мустақиме ба вазъият дар хати аввали ҷанг, ки зиёда аз ҳазор километрро ташкил медиҳад накард.

Ӯ ҳамчунин ба мушкилоти сиёсӣ ва дипломатии давлати худ дар таъмини аслиҳа ва дарёфти кумакҳо аз Конгреси Амрико ва Иттиҳоди Аврупо низ ишора накард.

Владимир Зеленский гуфт, ки ҷанг ба укринаиҳо омӯхтааст, ки дар баробари ҳамлаҳои Русия муқовимат кунанд ва худро бо сахтиҳо мутобиқ созанд. Сахтиҳое аз ҷумла қатъи барқ ва мутаваққиф шудани корхонаҳо дар Украина.

Неруҳои Русия моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла карданд ва ин ҷанг то ҳол идома дорад. Кишварҳои ғарбӣ Русияро барои ҳамлаи бедалел ба хоки Украина таҳрим кардаанд.

XS
SM
MD
LG