Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҷонвари нодир дар Тоҷикистон рамзи миллии Қирғизистон шуд


Бабри барфиро, ки дар Тоҷикистон ба Китоби Сурх ворид шудааст ва барои шикораш ҷазо медиҳанд, дар Қирғизистон рамзи миллии ин кишвар эълон карданд.

Дар ин бора рӯзи 30-юми декабр президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) фармонеро имзо гузошт. Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон ҳадафро "пуштибонии давлат барои ҳифзи бабри барфӣ" номид.

Мақомоти Қирғизистон дар соли 2019 гуфта буданд, ки дар ҳудуди ин кишвари Осиёи Марказӣ 330 бабри барфӣ ҳаст.

Бабри барфӣ, ки баъзан "паланги ширмол" ё "озодапаланг" низ меноманд, аз ҷумлаи ҷонварони нодир аст, ки танҳо дар қаламрави 12 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, зиндагӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон барои шикору қасдан аз байн бурданаш аз 60 то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима мебанданд ё аз 2 то 5 сол зиндонӣ мекунанд.

Пештар мақомот гуфта буданд, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 300 бабри барфӣ сабт шудааст. Алихон Латифӣ, табиатшиноси тоҷик, моҳи октябри имсол дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “дар Тоҷикистон 500 бабри барфӣ ҳаст”.

XS
SM
MD
LG