Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги ду кӯдак дар Қазоқистон аз бемории сурхакон


Дар Қазоқистон ду кӯдак аз бемории сурхакон фавтидааст. Дар ин бора рӯзи 28 декабр Вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар хабар дод.

Ду кӯдак дар Қазоқистон аз бемории сурхакон фавтидааст. Дар ин бора рӯзи 28 декабр дар вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар хабар доданд.

Ба иттилои вазорат, ҳар ду кӯдаки фавтида камтар аз як сола будаанд.

Ба иттилои расмӣ, то 25 декабр дар Қазоқистон наздики 27 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба сурхакон сабт шудааст.

Пизишкон мегӯянд, барои табобати сурхакон доруе вуҷуд надорад ва ягона роҳи пешгирии он гирифтани воксин аст.

Бино ба гузоришҳои байналхалқӣ дар бахши тиб, дар моҳи ноябр дар Яман бештар аз 23 ҳазор гирифторӣ ба сурхакон, дар Ҳинд қариб 15 ҳазор, дар Қазоқистон наздики 13 ҳазор гирифторӣ сабт шудааст. Дар кишварҳои дигар, амсоли Ҳабашистон, Покистон, Русия ва ғайра низ паҳншавии сурхакон сабт гардидааст.

XS
SM
MD
LG