Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарари кишоварзони Узбекистон дар пайи қатъи газу барқ


Тасмими ҳукумати Узбекистон барои қатъи газ дар гармхонаҳои он кишвар тамоми ин соҳаро зери хатар гузоштааст.

Тасмими ҳукумати Узбекистон барои қатъи газ дар гармхонаҳои он кишвар тамоми ин соҳаро зери хатар гузоштааст.

Дар ин бора дар гузориши сомонаи иттилоотӣ-таҳлилии “EastFruit”, ки бозори меваю сабзавот дар Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқозро меомӯзад, гуфта шудааст.

Бино ба гузориш, соҳибкорони Узбекистон, ки миллионҳо сӯм аз бонкҳо қарз гирифтаанд, бозори худро ба нафъи рақибон аз Туркманистон ва Русия, ки гази арзонтар доранд, аз даст медиҳанд.

Коршиносони расона тасмими ҳукумати Узбекистонро дар бораи гузаштани гармхонаҳо аз газ ба ангишт “қарори бад” арзёбӣ кардаанд.

Кишоварзони узбекистонӣ гуфтаанд, дар натиҷаи ҳавои сарди рӯзҳои 12-20-уми декабр ва поин рафтани фишори газу қатъи бидуни огоҳии барқ бештари зироатҳои помидору бодиринг ва қаламфур, ки дар гармхонаҳо парвариш мешуданд, осеб диданд.

Дадахон Аҳматов, раиси ҶДММ “Дилбек Давлат” дар ноҳияи Бухорои Узбекистон мегӯяд, ҳосили помидори парваришкардаашро дар масоҳати як ҳектар замин, ки ҳудуди 80 тоннаро ташкил медод, “дар як шаб аз даст додааст”. Ӯ гуфт, шаби 12 декабр, ки ҳаво хеле сард буд, нерӯи барқ ногаҳон қатъ шуд ва зироаташро сармо задааст.

XS
SM
MD
LG