Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду наврас дар Қирғизистон ба гумони омодагӣ ба ҳамла  


Акс аз манобеи расмии Қирғизистон
Акс аз манобеи расмии Қирғизистон

Маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар вилояти Ҷалолобод ду навраси 16-соларо дастгир кардаанд, ки ба омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.

Дар хабарномаи Кумита аз 28-уми декабр гуфта шудааст, ки онҳо рӯзи 25-уми декабр боздошт шуда, ба узвият дар шохаи "Хуросон"-и гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” гумонбар ҳастанд.

“Боздоштшудаҳо мехостанд, ки дар вилояти Ҷалолобод ҳамлаи террористиеро анҷом диҳанд,” – омадааст дар иттилоия.

Аз телефонҳои онҳо далелҳои омодагӣ ба ҳамла, аз ҷумла нақшаи анҷоми амали террористӣ, мукотиба бо аъзои дигари гуруҳи тундрав пайдо карда шудааст.

Ба зидди гумонбарон бо банди "терроризм" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG