Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҷонибдори вакили қирғиз дар харидани овоз айбдор шуданд


Шайлообек Атазов
Шайлообек Атазов

Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкеки Қирғизистон ду ҷонибдори вакили порлумони он кишвар Шайлообек Атазовро маҳкум кард. Ин ду тан дар харидани овозҳои мардум дар интихоботи моҳи феврали соли 2022 айбдор шуданд.

Ба ин тартиб, додгоҳ шаҳрвандон К.А.О. ва М.У.А.-ро бо моддаи "Харидани овози раъйдиҳандагон" айбдор ва ҳар кадоми онҳоро ҳудуди 1100 долларӣ ҷарима баст.

Дар доираи парвандаи мазкур як тани дигар низ муҳокима мешавад, ки ҷаласаи додгоҳӣ дар ин маврид 15 январ баргузор хоҳад шуд.

Интихоботи такрорӣ дар ҳавзаи Свердлови шаҳри Бишкек 27 феврали соли 2022 баргузор шуд. Комисияи интихоботӣ ва раъйпурсии он кишвар Шайлообек Атазовро ғолиби он интихобот эълом карда буд.

Атазов ҳанӯз дар моҳи ноябри соли ҷорӣ хабар дод, ки чанд тан аз аъзои тими интихоботии ӯро боздошт кардаанд.

XS
SM
MD
LG