Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане дар Узбекистон ба азияти духтарандараш муттаҳам шуд


Як зан аз ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканди Узбекистон дар муносибати бераҳмона бо духтарандари 13-солааш муттаҳам мешавад.

Ваколатдори ҳуқуқи кудаки Узбекистон ба ин қазия баъди муроҷиати фаъолони маданӣ ва пешниҳоди видеое дахл карда, ки дар он дида мешавад зан духтарандари худро азият медиҳад.

Дар натиҷаи санҷиш маълум шудааст, ки ҳодиса дар ноҳияи Зангиотаи Узбекистон рух додааст. Падари духтар баъди огаҳ шудан аз ин қазия аз мақомот хостааст, ки алайҳи ӯ чораандешӣ кунанд.

Қазия таҳти назорати ваколатдори ҳуқуқи кудаки Узбекистон ва додситонии ноҳия қарор дорад.

XS
SM
MD
LG