Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошиев дастур дод ба гаравхонаҳо "таваҷҷуҳ кунанд"


Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) ба зердастонаш дастур додааст, ки ба фаъолияти гаравхонаҳо "таваҷҷуҳи махсус равона кунанд". Ин дастурро Тошиев рӯзи 25 декабр додааст.

Тошиев гуфтааст, гаравхонаҳо ё "ломбардҳо" - ин охирин ҳадафи бузург дар соли 2023 аст. Вай гуфтааст, аз хадамоти гаравхонаҳо одамони одӣ истифода мебаранд, ки бо фоизҳои баланд қарз мегиранд ва дар натиҷа аз дороии худ маҳрум мешаванд.

Тошиев ҳамчунин аз Бонки миллии Қирғизистон хостааст, фаъолияти гаравхонаҳоро дар саросари он кишвар санҷад ва дар сурати ошкор шудани қонуншиканӣ нисбати соҳибони гаравхонаҳо чораҷӯӣ шавад.

Мақомоти Қирғизистон ҳанӯз дар соли 2021 хабар дода буданд, ки дар он кишвар 352 гаравхона фаъол аст ва аз ин теъдод 146 гаравхона дар шаҳри Бишкек қарор дорад.

XS
SM
MD
LG