Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти писари "Бахти Тошкандӣ" дар Узбекистон


Пулиси шаҳри Тошканди Узбекистон хабар додааст, ки шаш касро бо гумони содир кардани як қатор ҷиноятҳо дастгир кард.

Дар миёни боздоштшудаҳо Ихтиёр Қудратуллоев, писари соҳибнуфузи олами ҷиноии Узбекистон Бахтиёр Қудратуллоев, маъруф ба "Бахти Тошкандӣ" ҳам ҳаст.

Бино ба хабарҳо, Ихтиёр Қудратуллоеви 27 сола дар "тамаъҷӯии гуруҳӣ ба маблағи махсусан калон" муттаҳам мешавад ва ба ӯ бар асоси ин банди қонун, то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Худи Бахтиёр Қудратуллоев низ дар боздошт аст. Расонаҳои Узбекистон 3 декабр хабар дода буданд, ки Бахтиёр Қудратуллоев дар Тошканд дастгир ва ба тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми калон гумонбар мешавад.

Вай ҳамчунин дар нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир низ муттаҳам аст.

XS
SM
MD
LG