Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, бо раҳбарони ИДМ мулоқот мекунад


Президенти Русия Владимир Путин гуфт, мехоҳад дар охири моҳи декабр бо раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти ғайрирасмӣ баргузор кунад.

"Аз шумо хоҳиш мекунам, ба раҳбарони кишварҳои худ, ки интизор дорам, ба зудӣ - охирҳои моҳи декабр бо онҳо дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё ва мулоқоти анъанавии ғайрирасмии раҳбарони ИДМ дар Санкт-Петербург вохӯрам, саломи маро расонед", - изҳор дошт Путин дар паёми худ ба иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои раисони ҳукуматҳои ИДМ.

Путин зикр кард, ки 1-уми январ раёсати иттиҳод ба Русия мегузарад ва дар назар аст, таҷрибаи баргузор кардани чорабиниҳои муштарак дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла санъат, маориф ва илмро густариш диҳанд.

Ҳамчунин Русия дар давраи раёсати худ ба масъалаи ҳифзи забони русӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, рӯзи 20-уми декабр дар нишасте дар Минск гуфт, нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург рӯзҳои 26-27-уми декабр баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG