Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири пешини кишоварзии Узбекистон боздошт шуд


Сухангӯйи Додгоҳи олии Узбекистон Азиз Обидов баъзе аз ҷузъиёти парвандаи вазири собиқи кишоварзии ин кишвар Азиз Воитовро, ки дар ҳабс аст, шарҳ дод.

Ба иттилои манбаъ, Воитов дар тасарруфи пулҳои буҷа дар ҳаҷми махсусан калон, сӯистифода аз мақом ва расонидани зарар муттаҳам мешавад.

Ахиран муовини додситони кулли Узбекистон аз додгоҳи ноҳияи Яшнобод, ки парвандаи вазири собиқро баррасӣ мекунад, хостааст, Воитовро аз 300 то 600 нишондиҳанда ҷарима, ё ба 3 соли корҳои ислоҳӣ ва ё ба муҳлати аз 5 то 7 сол зиндон маҳкум кунад.

Вазири пешини кишоварзии Узбекистон бо қарори додгоҳи Яшнобод дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Хабаргузории "Газета.уз" иттилоъ дода, ки баъди барканории Воитов Палатаи ҳисоби Узбекистон дар Вазорати кишоварзии он кишвар санҷиш гузарондааст.

Воитов аз моҳи августи соли 2022 то моҳи октябри соли 2023 вазири кишоварзии Узбекистон буд. Қаблан ба ҳайси муовини аввали вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон кор кардааст.

XS
SM
MD
LG