Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як киштии ҳомили муҳоҷирон дар наздикии Либия ғарқ шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (IOM) гуфт, ки як киштии ҳомили паноҳҷӯён дар наздикии Либия ғарқ шудааст.

Ҳодиса рӯзи 16-уми декабр рӯй дод.

Ба иттилои манбаъ, киштӣ тақрибан 86 мусофир дошт, аммо 61 нафар, бо шумули занону кӯдакон, ғарқ шуданд.

Аксари паноҳҷӯён кӯшиш мекунанд, ки аз Либия ба воситаи Баҳри Миёназамин ба Аврупо бирасанд.

"Ин роҳ яке аз масирҳои хатарбори муҳоҷират дар ҷаҳон мемонад," – гуфтааст Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират.

Тибқи омори Созмон, дар соли 2023 дар ин масир беш аз 2250 нафар ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG