Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд дар садри шаҳрҳои дорои олудатарин ҳаво


Armenia- Yerevan, air pollution
Armenia- Yerevan, air pollution

Пойтахти Узбекистон (251 AQI) севумин шаҳре дар ҷаҳон номида шудааст, ки олудатарин ҳаворо дорад.

Ба иттилои Шохиси сифати ҳаво (IQAir), дар ин раддабандӣ шаҳри Деҳлӣ (270 AQI) дар мақоми аввал ва шаҳри Лоҳури Покистон (262 AQI) дар мақоми дувум қарор дода шудаанд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ҳаво дар шаҳри Тошканд ба саломатии инсон “бисёр зараровар” аст.

Ба сокинони Тошканд тавсия дода шудааст, ки дар кучаҳо ниқоб пӯшанд ва тирезаҳоро маҳкам кунанд, то ҳавои ифлос ба манзили зисташон ворид нашавад.

XS
SM
MD
LG