Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар 4 вагони муҳоҷирони тоҷик дар Русия. ВИДЕО


Сӯхтор дар ҷойи хоби муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Сӯхтор дар ҷойи хоби муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Химкии вилояти Маскав ҷойи хоби муҳоҷирон сӯхтааст.

Корбарони Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса гуфтанд, гап дар бораи 4 вагон меравад.

Сӯхтор рӯзи 7-уми декабр дар майдони сохтмонии вобаста ба ширкати "Самолёт" сар задааст.

"Касе осеб надидааст, вале либосу ашёи рӯзгори муҳоҷирон ба коми оташ рафт," – хабар дод яке аз корбарон.

Сабаби сӯхторро ба ҳам расидани сими барқ гуфтаанд.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо дар ҷойҳое ба сар мебаранд ки бехатар нестанд

Аксаран мақомоти Русия худи муҳоҷиронро гунаҳкор медонанд.

Муҳоҷирон аз фароҳам набудани шароити дурусти кору зиндагӣ шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG