Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дания сӯзондани "Қуръон"-ро дар мазҳари ом манъ кард


Порлумони Дания рӯзи 7-уми декабр бо қабули тарҳе сӯзондани "Қуръон"-ро дар мазҳари ом манъ кард.

Би-би-сӣ навишт, ки барои нақзи қонун ҷарима ё то ду сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Ба назар мерасад, ин тасмим як навъ вокуниш ба эътирози кишварҳои мусулмонӣ ба тавҳин ба китоби муқаддас ва афзоиши нигарониҳои амниятӣ дар мавриди эҳтимоли ҳамлаҳои ифротгароён аст.

Имсол чанд нафар, аз ҷумла сиёсатмадорони исломситез дар Шветсия ва Дания нусхаҳое аз "Қуръон"-ро дар ҳузури мардум сӯзонда ё зери по кардаанд. Рафтори онҳо хашми мусулмонҳо ва кишварҳои мусулмоннишинро барангехт.

Як мавриди сӯзондани “Қуръон” дар рӯ ба рӯйи сафорати Туркия дар пойтахти Шветсия гузашт ва узвияти ин кишварро ба НАТО ба хатар андохт.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон моҳи июли имсол оташ задани китоби муқаддаси мусалмононро дар баъзе аз кишварҳои аврупоӣ маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG