Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании муҳоҷирон дар Санкт-Петербург


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Баъд аз як занозании гурӯҳӣ дар назди маркази “Лахта сентр” дар шаҳри Санкт-Петербург, мақомоти маҳаллӣ 13 муҳоҷирро ба шуъбаи пулис бурдаанд. Мақомот ба расонаҳо гуфтанд, сабабҳои муноқиша таҳқиқ мешавад.

Дар наворҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид ва то кунун дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашру паҳн шуд, муҳоҷирон бо ҳам занозанӣ мекунанд.

Хабаргузории РИА Новости аз нақли як манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст, ки "шаби 4-уми декабр миёни коргарон муноқиша рух дода, ба ҷои ҳодиса пулис даъват шудааст, эҳтимол сабаби занозанӣ касеро тела додани каси дигар будааст".

Ба гуфтаи манбаъ, бино ба маълумоти пешакӣ, касе осеби ҷиддӣ нагирифтааст ва талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти матбуотии Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия дар шаҳри Санкт-Петербург хабар додааст, ки занозании муҳоҷиронро тибқи қисми 2 моддаи 213 Кодекси ҷиноии Русия, яъне "авбошӣ", ки аз ҷониби як гурӯҳи шахсон содир шудааст, таҳқиқ доранд.

Садҳо зодаи Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон дар сохтмони маркази "Лахта Сентр" дар шаҳри Санкт-Петербург кор мекунанд.

Баҳсу ҷанҷол миёни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия зиёд иттифоқ меафтад. Аз ҷумла шаби 1-уми августи имсол дар натиҷаи занозании гуруҳӣ дар шаҳри Чехови вилояти Маскав ду муҳоҷири тоҷик ҷон бохтанд. Пештар аз он як занозании гуруҳӣ дар "Лахта-Сентр"-и Маскав расонаӣ шуда буд.

Феълан маълум нест, ки занозании ахир миёни муҳоҷирони кадом кишварҳо сар задааст.

XS
SM
MD
LG