Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW ҳукми блогери шинохта Олимҷон Ҳайдаровро танқид кард


Олимҷон Ҳайдаров
Олимҷон Ҳайдаров

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, ҳукми зиндони блогери шинохта Олимҷон Ҳайдаровро дар Узбекистон танқид кард.

Додгоҳи вилояти Фарғона рӯзи якуми декабр Ҳайдаровро ба гуноҳи тамаъҷӯӣ, паст задани шаъну эътибор ва туҳмати ноҳақ ҳашт сол зиндонӣ кард. Ӯ ҳанӯз моҳи июли имсол дастгир шуда буд.

"Ҳукми додгоҳ ба озодии баён ва озодии расонаҳо дар Узбекистон таъсири бад хоҳад дошт," -- гуфта шудааст дар баёнияи Дидбони Ҳуқуқи Башар. Баёния рӯзи 5-уми декабр нашр шуд.

Худаш мегӯяд, ки бегуноҳ аст ва парвандааш дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад.

Олимҷон Ҳайдаров ба пуштибонӣ аз чанд блогери дигари узбек бархоста буд, ки онҳоро низ дар моҳҳои гузашта бо гуноҳи тамаъҷӯӣ ба зиндон андохтанд.

Моҳи декабри соли 2022 додгоҳи Фарғона ба ӯ амр дод, барои гузоришҳояш дар бораи норасоии газу барқ дар Узбекистон ҷаримаи бузурге пардозад.

XS
SM
MD
LG