Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз СММ хостанд, рафтори нерӯҳои амниятии Тоҷикистонро таҳқиқ кунад


Хоруғ
Хоруғ

Як фаъоли сиёсӣ аз Созмони Милал хостааст, ки рафтори нерӯҳои амниятии Тоҷикистонро дар ҳодисаҳои солҳои 2021 ва 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ кунад.

Аслиддин Шерзамонов дар нишасти вобаста ба ақаллиятҳо ё камшуморон дар Женева рӯзи 1-уми декабр гуфт, барои ин кор кумисюни байнулмилалии мустақил таъсис ёбад.

Дар ҳодисаи соли 2021 дар Роштқалъаву Хоруғ се кас ва дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар Рӯшону Хоруғ дар соли 2022 камаш 34 кас кушта шуд. Додситонии кул дар бораи марги 29 нафар гузориш дод.

Президенти Тоҷикистон онҳоро узви гуруҳҳои ҷиноӣ номид ва тасдиқ кард, ки фармони амалиётро ӯ додааст. Наздиконашон мегӯянд, ин афрод силоҳ надоштанд ва танҳо барои ибрози андеша ва эътироз ба кӯчаҳо баромада буданд.

Аслиддин Шерзамонов дар нишасти Созмони Милал гуфт, дар ин ҳодисаҳо сад кас маҷруҳ шуда, даҳҳо нафари дигар дар Тоҷикистону Русия дастгир ва дар мурофиаҳои паси дарҳои баста ба муддати дурудароз зиндонӣ шуданд. "Беш аз ду ҳазор кас дар хориҷа паноҷҳӯ ҳастанд," – афзуд ӯ.

"Помириҳо аз соли 2008 зери саркӯб монда, кушторҳо таҳқиқ нашудаанд ва боздоштшудаҳо аз муносибати бераҳмона азият мекашанд," – илова кард фаъоли маданӣ.

Аслиддин Шерзамонов
Аслиддин Шерзамонов

Ба қавли Аслиддин Шерзамонов, дар миёни боздоштшудаҳо ҳомиёни ҳуқуқи башар, фаъолон, пешвоёни ҷомеаи маданӣ ва рӯзноманигорон низ ҳастанд: "Зиёда аз 200 созмони ғайридавлатӣ, ки дар пайванд ба ҳуқуқи инсон, баробарии ҷинсӣ, таҳсил ва тавонмандсозии иқтисод кор мекарданд, маҷбур баста шуданд. Ҷомеаи шаҳрвандии як замон фаъоли ВМКБ ҳоло дар банди тарсу ҳарос монда, наметавонад дар бораи қонуншикании мақомот гузориш диҳад."

Мақомоти Тоҷикистон дар моҳи августи 2023 тасдиқ карданд, ки дар ним сол фаъолияти панҷ созмони иҷтимоиро дар Бадахшон барҳам додаанд. Ташкилоте, ки ба гуфтаи онҳо, “бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доштанд.” Ному мақоми чанд муассисаро низ тағйир доданд.

“Раҳоии фаврӣ ва бе қайду шарти пешвоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ; рушди иқтисодии ВМКБ; эътирофи расмии помириҳо ҳамчун ақаллияти мустақил бо ҳуқуқу озодии комил" аз хостҳои дигари Аслиддин Шерзамонов буд.

Дар тақрибан як соли охир бисёре аз созмону кишварҳои ғарбӣ мақомоти Тоҷикистонро барои бархӯрд бо помириҳо танқид кардаанд. Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз ҳукумати Тоҷикистон хост, интиқомгириро аз фаъолони помирӣ бас кунад.

Фернан де Варен, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ақаллиятҳо ё камшуморон, низ моҳи октябр гуфт, “нисбат ба эътирозгарон дар ҳодисаҳои солҳои 2021 ва 2022 дар Бадахшон бархӯрди сангин сурат гирифт ва ин воқеаҳо бояд бетарафона ва одилона таҳқиқ шаванд.”

Ҳукумати Тоҷикистон баргузории чунин амалиётро омили таҳкими амният ва ҳабсу боздоштҳоро роҳи пешгирӣ аз ҷурму ҷинояти зидди ҷомеа ва шахсони мансабдори ВМКБ меномад. Мухолифони он мегӯянд, мақсади амалиёт саркӯб кардани дигарандешон ва норозиён буд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати масоҳат бузургтарин минтақаи Тоҷикистон аст. Тақрибан 250 ҳазор аҳолӣ дорад. Аксарият пайрави шохаи исмоилии мазҳаби шиа мебошанд ва Шоҳзода Карим Оқохони чаҳорумро пешвои динии худ мешуморанд. Бахше аз мардум ба забонҳои маҳаллӣ, ки ба номи "забонҳои помирӣ" шинохта шудааст, гап мезананд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG