Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи федеролӣ дархости қатъи парвандаро алайҳи Трамп рад кард


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Додгоҳи федеролии Амрико дархости президенти пешин Доналд Трампро барои қатъи парвандаи дахолати ӯ дар интихобот рад кард.

Дар қарори додрас Таня Чуткан омадааст, "президентҳои собиқ ҳангоми ба ҷавобгарӣ кашидан барои амалҳои ҷиноие, ки дар замони раҳбарияшон рух додааст, аз масуният бархӯрдор нестанд".

Доналд Трамп пештар аз додгоҳ хоста буд, айбе, ки зидди ӯ дар робита ба ҳамла ба Капитолия эълом шудааст, бо назардошти масунияти президентияш бекор карда шавад.

Вакилони мудофеи Трамп ҳам талош карданд, иттиҳомҳои зидди президенти пешин бекор шаванд. Онҳо гуфтанд, ин парвандаҳо нақзи ҳуқуқи раисиҷумҳури пешин ба озодии баён аст, ки онро Қонуни асосии Амрико кафолат медиҳад. Додрас дар навбати худ гуфт, ки изҳоротҳои Трамп аз "созиши ҷиноӣ" пуштибонӣ ва "ба раванди интихобот монеа эҷод мекарданд".

Трамп нахустин президент дар таърихи Амрико аст, ки ба зидди ӯ расман айб эълом гаштааст. Расонаҳо моҳи июни имсол хабар доданд, ки алайҳи Трамп ба гумони пинҳон кардани санадҳои махфӣ парвандаи нав боз шудааст.

XS
SM
MD
LG