Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 22 узви як гурӯҳи ҷиноӣ дар Фарғона


Дар натиҷаи амалиёти "40 рӯзи зарбдор"-и мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон 22 узви як гурӯҳи ҷиноӣ боздошт шудааст.

Хабаргузории "Газета.уз" иттилоъ дод, ки амалиёт 21-уми ноябр оғоз шуда, эҳтимол то 31-уми декабри имсол идома ёбад.

Пулиси вилояти Фарғонаи Узбекистон дар доираи амалиёт манзили 248 касеро бозҷӯӣ кардааст, ки "дар олами ҷиноӣ мавқеъ доштанд".

Дар натиҷа 4,75 кило маводи мухаддир, 78 маводи психотропӣ, 41 силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва ашёе, ки метавонистанд ҳамчун силоҳ истифода шаванд; ҳамчунин 45 компютер, телефон ва адабиёти динӣ мусодира карда шудааст. 37 нафаре ҳам дастгир шудааст, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд.

Илова бар ин, 22 нафаре дастгир карда шудаанд, ки "узви гуруҳи ҷиноӣ буда, ба авбошӣ даст мезаданд".

XS
SM
MD
LG