Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенкоро нагузоштаанд, ки аз Украина берун равад


Петро Порошенко
Петро Порошенко

​​​​​​​Нерӯҳои сарҳадбони Украина нагузоштаанд, ки президенти пешин Петро Порошенко хоки ин кишварро тарк кунад.

Чизе, ки Порошенко сафари кории хориҷӣ номида буд ва он бояд рӯзи 1-уми декабр бо мулоқот бо сарвазири Маҷористон (Венгрия) Виктор Орбан оғоз мешуд.

Хадамоти амнияти Украина ё СБУ рӯзи 2-юми декабр гуфт, бовар дорад, Русия мехоҳад аз ин мулоқот ва суҳбатҳои дигари сиёсатмадорони украинӣ бо мақомоти хориҷӣ истифода кунад.

Ҳамчунин тасмимро ба изҳори назарҳои Орбан пайванд додаанд, ки "мунтазам мавқеи зидди Украинаро баён мекунад".

Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон, бо Владимир Путин, президенти Русия, робитаи наздик дорад. Ӯ пештар гуфта буд, ки оғози музокирот бо Украина барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо айни замон ба нафъи кишвараш нест ва беҳтар аст, ин хонавода “шарикии стратегӣ”-ро бо Украинаи ҷангзада ба роҳ монад.

Петро Порошенко аз соли 2014 то соли 2019 раиси ҷумҳурии Украина буд.

XS
SM
MD
LG